https://sputnik.tj/20220207/tarma-se-nohiya-badakhshon-1045554977.html
Фаромадани 10 тарма дар се ноҳияи ВМКБ: хатар боқӣ мемонад
Фаромадани 10 тарма дар се ноҳияи ВМКБ: хатар боқӣ мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Шабонарӯзи гузашта дар минтақаҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 10 ҳолати фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.
2022-02-07T12:50+0500
2022-02-07T12:50+0500
2022-02-07T18:24+0500
рӯшон
шуғнон
вмкб
кҳф
тарма
бартарафсозӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/83/1030698325_0:104:1000:667_1920x0_80_0_0_5da6b10293897b8221a8aef1f50adec3.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ шабонарӯзи гузашта 10 тарма фаромадааст. Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, оқибатҳои ҳафт тарма рафъ ва корҳо дар ҷиҳати бартараф кардани авоқиби се тармаи дигар дар минтақаҳои Рӯшону Ишкошим идома дорад. Манбаъ афзуда, ки дар пайи фаромадани тарма талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.Дар баробари ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки ҳамоно хатари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ зиёд аст. Наҷотдиҳандагони воҳидҳои зудамали кумитаи мазкур бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулодда навбатдории шабонарӯзиро идома медиҳанд.КҲФ мегӯяд, барои бартараф намудани оқибатҳои тарма ва тоза кардани роҳҳо хадамоти роҳдории Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо кардааст.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз сокинон даъват мекунад, ки аз сафари безарурат ба манотиқи тармафароӣ худдорӣ карда, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.
https://sputnik.tj/20220117/khf-masir-khatarnok-tojikistoniyon-1044874058.html
рӯшон
шуғнон
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/83/1030698325_111:0:1000:667_1920x0_80_0_0_25385d7e05114188cb6678e25a92c769.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тармафароӣ, душанбе, хоруғ
тармафароӣ, душанбе, хоруғ
Фаромадани 10 тарма дар се ноҳияи ВМКБ: хатар боқӣ мемонад
12:50 07.02.2022 (Навсозишуда: 18:24 07.02.2022) Дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад. Наҷотдиҳандагон навбатдории шабонарӯзӣ дар ин манотиқро идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ шабонарӯзи гузашта 10 тарма фаромадааст.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, оқибатҳои ҳафт тарма рафъ ва корҳо дар ҷиҳати бартараф кардани авоқиби се тармаи дигар дар минтақаҳои Рӯшону Ишкошим идома дорад.
Манбаъ афзуда, ки дар пайи фаромадани тарма талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Дар баробари ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки ҳамоно хатари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ зиёд аст.
Наҷотдиҳандагони воҳидҳои зудамали кумитаи мазкур бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулодда навбатдории шабонарӯзиро идома медиҳанд.
КҲФ мегӯяд, барои бартараф намудани оқибатҳои тарма ва тоза кардани роҳҳо хадамоти роҳдории Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо кардааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз сокинон даъват мекунад, ки аз сафари безарурат ба манотиқи тармафароӣ худдорӣ карда, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.