https://sputnik.tj/20220205/guftushunid-marzi-tajikistan-uzbekistan-1045531297.html
Гуфтушунидии шашрӯзаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - тафсилот
Гуфтушунидии шашрӯзаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар пайи гуфтушуниди навбатии шашрӯза дар масоили марз як протоколро имзо намудаанд
2022-02-05T18:01+0500
2022-02-05T18:01+0500
2022-02-07T14:13+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
марз
осиёи марказӣ
протокол
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102501/45/1025014528_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_dd735954fc7569e26a522a93ab4a5930.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Гурӯҳи кории Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 31-уми январ то 5 феврал дар шаҳри Ҷиззах гуфтушуниди навбатиеро дар масоили марз баргузор кардаанд. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин вохӯрӣ дар доираи фаъолияти Комиссияи муштараки демаркатсионӣ доир гардидааст.Гурӯҳҳои корӣ инчунин аз мавзеъҳои баррасишавандаи сарҳадӣ барои омӯзиши бештари он боздид намудаанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон тафсилотеро дар ин хусус ироа накардааст, аммо изҳор медорад, ки мулоқот дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, дар натиҷаи он протоколи дахлдор низ имзо гардид. Вохӯрии навбатӣ дар масоили марзӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар назар аст. Ин дар ҳолест, ки Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон қаблан гуфт, аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳо ҳосил шудаанд. Аз ҷумла, бинобар асоси созиши ду кишвари ҳамсоя, аз обанбори “Фарҳод” барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд.Хоҷазода дар мавриди обанбори “Фарҳод” изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.
https://sputnik.tj/20220205/tojikiston-qirghiziston-marz-1045521664.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102501/45/1025014528_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_7a35d2a7f0af0dab985b0c15865bcc93.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гуфтушунид, марз, тоҷикистон, ӯзбекистон, марз
гуфтушунид, марз, тоҷикистон, ӯзбекистон, марз
Гуфтушунидии шашрӯзаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - тафсилот
18:01 05.02.2022 (Навсозишуда: 14:13 07.02.2022) Тоҷикистону Ӯзбекистон дар пайи гуфтушуниди навбатии шашрӯза дар масоили марзӣ як протоколро имзо намудаанд
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Гурӯҳи кории Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 31-уми январ то 5 феврал дар шаҳри Ҷиззах гуфтушуниди навбатиеро дар масоили марз баргузор кардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин вохӯрӣ дар доираи фаъолияти Комиссияи муштараки демаркатсионӣ доир гардидааст.
"Зимни вохӯрӣ корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, роҷеъ ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон пешниҳодҳои муштарак омода шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Гурӯҳҳои корӣ инчунин аз мавзеъҳои баррасишавандаи сарҳадӣ барои омӯзиши бештари он боздид намудаанд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон тафсилотеро дар ин хусус ироа накардааст, аммо изҳор медорад, ки мулоқот дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, дар натиҷаи он протоколи дахлдор низ имзо гардид.
Вохӯрии навбатӣ дар масоили марзӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар назар аст.
Ин дар ҳолест, ки Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон қаблан гуфт, аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳо ҳосил шудаанд. Аз ҷумла, бинобар асоси созиши ду кишвари ҳамсоя, аз обанбори “Фарҳод” барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд.
Хоҷазода дар мавриди обанбори “Фарҳод” изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.