https://sputnik.tj/20220207/jahish-rekordi-narkhi-naft-russia-1045600229.html
Ҷаҳиши рекордии нархи нафти Русия
Ҷаҳиши рекордии нархи нафти Русия
Sputnik Тоҷикистон
Нархи нафти Русия дар Аврупо ба болотарин нишондод дар ҳафт соли охир расид
2022-02-07T20:15+0500
2022-02-07T20:15+0500
2022-02-08T10:53+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
нарх
нафт
боло
камбудӣ
рекорд
аврупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/03/1031839800_0:166:3072:1894_1920x0_80_0_0_c4e91c31373b7f3dbe0afe98880edc3f.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар Аврупо нархи як баррел нафти русиягии "Urals" ба 95 доллар расид. Дар ин бора ожонси байналмилалии нархҳо "Argus" хабар дод. Ба иттилои манбаъ, нархи тилои сиёҳи Русия ба чунин нишондод бори аввал баъди моҳи сентябри соли 2014 расидааст. Зикр шудааст, ки нархи "Urals" дар шимолу ғарби Аврупо ҳанӯз 4 феврал ба андозаи 4,66 доллар афзоиш ёфта, то ба 95,12 доллар барои ҳар як баррел расидааст. Дар минтақаи Баҳри Миёназамин нархи нафт дар ҳаҷми аз 80 то 100 ҳазор тонна охири ҳафтаи гузашта то ба 96,28 доллар барои як баррел боло рафт. Нархи "Urals" дар пасманзари шиддат гирифтани вазъи геополитикӣ ва интизориҳои камбуди пешниҳоди мол дар бозор боло ҷаҳид. Дар баробари ин ба нархи нафт имконоти ОПЕК барои таъминоти мол дар ҳаҷми зарурӣ низ таъсир расонд. Маврид ба зикр аст, ки нархи заминавии нафти Русия 44,2 доллар барои ҳар баррел мебошад, ки бо назардошти он Вазорати молияи ин кишвар асъорро харидуфурӯш мекунад. Фючерси навъи "Brent" низ болотарин мизон дар 7 соли охирро нишон дода, аз ҳадди 93-долларии як баррел гузаштанд. Дар зимн нархи WTI то 92 доллар поин рафтааст. Феълан барои нигоҳдории нархи нафти Русия интизориҳои пешниҳоди маҳдуди мол дар пасманзари барқарор шудани талабот мусоидат мекунад. Шиддати вазъи геополитикӣ ба пешгӯиҳои нохушоянди коршиносон овард, ки интизор доранд, нархи навъи "Brent" то 120 доллар барои як баррел бол меравад.
https://sputnik.tj/20220120/asori-amriko-imsol-1044991887.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/03/1031839800_301:0:3032:2048_1920x0_80_0_0_a0e3955622a832310f3d7f2b66f3bac0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаҳиш, рекорд, нарх, нафт, русия
ҷаҳиш, рекорд, нарх, нафт, русия
Ҷаҳиши рекордии нархи нафти Русия
20:15 07.02.2022 (Навсозишуда: 10:53 08.02.2022) Нархи нафти Русия дар Аврупо ба болотарин нишондод дар ҳафт соли охир расид
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар Аврупо нархи як баррел нафти русиягии "Urals" ба 95 доллар расид. Дар ин бора ожонси байналмилалии нархҳо "Argus" хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, нархи тилои сиёҳи Русия ба чунин нишондод бори аввал баъди моҳи сентябри соли 2014 расидааст. Зикр шудааст, ки нархи "Urals" дар шимолу ғарби Аврупо ҳанӯз 4 феврал ба андозаи 4,66 доллар афзоиш ёфта, то ба 95,12 доллар барои ҳар як баррел расидааст.
Дар минтақаи Баҳри Миёназамин нархи нафт дар ҳаҷми аз 80 то 100 ҳазор тонна охири ҳафтаи гузашта то ба 96,28 доллар барои як баррел боло рафт.
Нархи "Urals" дар пасманзари шиддат гирифтани вазъи геополитикӣ ва интизориҳои камбуди пешниҳоди мол дар бозор боло ҷаҳид.
Дар баробари ин ба нархи нафт имконоти ОПЕК барои таъминоти мол дар ҳаҷми зарурӣ низ таъсир расонд.
Маврид ба зикр аст, ки нархи заминавии нафти Русия 44,2 доллар барои ҳар баррел мебошад, ки бо назардошти он Вазорати молияи ин кишвар асъорро харидуфурӯш мекунад.
Фючерси навъи "Brent" низ болотарин мизон дар 7 соли охирро нишон дода, аз ҳадди 93-долларии як баррел гузаштанд. Дар зимн нархи WTI то 92 доллар поин рафтааст.
Феълан барои нигоҳдории нархи нафти Русия интизориҳои пешниҳоди маҳдуди мол дар пасманзари барқарор шудани талабот мусоидат мекунад.
Шиддати вазъи геополитикӣ ба пешгӯиҳои нохушоянди коршиносон овард, ки интизор доранд, нархи навъи "Brent" то 120 доллар барои як баррел бол меравад.