https://sputnik.tj/20220207/giriftor-covid-tojikiston-kohish-1045547426.html
Пирӯзӣ наздик аст: теъдоди гирифторони COVID дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт
Пирӯзӣ наздик аст: теъдоди гирифторони COVID дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Омори нави паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон, ки Вазорати тандурустӣ нашр кардааст, аз ақибнишинии COVID дар кишвар дарак медиҳад
2022-02-07T07:00+0500
2022-02-07T07:00+0500
2022-02-07T18:55+0500
коронавирус
дар тоҷикистон
вазорати тандурустӣ
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041408228_0:137:3031:1842_1920x0_80_0_0_08779a1d741bbbcbe5e283d6a092161b.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Давоми шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон се ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба рӯзи қаблӣ (4 ҳолат) камтар мебошад.Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шумораи одамоне, ки тайи як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 7 нафарро ташкил медиҳанд.Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмуъ 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.Аз аввали бақайдгирӣ ин беморӣ дар кишвар 17347 нафар гирифтори коронавирус шуда, аз ин шумора то кунун 17195 нафар шифо ёфтаанд.Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикронии COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.Халосии абадӣ: ҳамагири коронавирус кай хотима меёбад?Ин ниҳод дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон иттилои дақиқе дар даст надоранд.Манбаи мазкур гуфт, ин беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ моякӯбӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20220206/oyanda-koronavirus-1045538686.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041408228_300:0:3031:2048_1920x0_80_0_0_3a43af7bcbc577899a761b301d40df71.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
covid тоҷикистон
Пирӯзӣ наздик аст: теъдоди гирифторони COVID дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт
07:00 07.02.2022 (Навсозишуда: 18:55 07.02.2022) Омори нави паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон, ки Вазорати тандурустӣ онро нашр кардааст, аз коҳиши гирифторӣ ба COVID дар кишвар дарак медиҳад
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Давоми шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон се ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба рӯзи қаблӣ (4 ҳолат) камтар мебошад.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шумораи одамоне, ки тайи як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 7 нафарро ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмуъ 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.
Аз аввали бақайдгирӣ ин беморӣ дар кишвар 17347 нафар гирифтори коронавирус шуда, аз ин шумора то кунун 17195 нафар шифо ёфтаанд.
Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикронии COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.
Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Ин ниҳод дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон иттилои дақиқе дар даст надоранд.
Манбаи мазкур гуфт, ин беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ моякӯбӣ мебошад.