Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Алтштейн ояндаи коронавирусро пешгӯӣ кард

© pixabayИллюстрация коронавируса
Иллюстрация коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2022
Обуна шудан
Оё коронавирус пурра нест мешавад ё инсоният то абад бо ин вабо даргир хоҳад шуд? Посухи ин суолро дар зер бихонед
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Вирусшинос Анатолий Алтштейн коҳиши босуръати гирифторӣ ба коронавирус дар Русияро пешгӯӣ кард, аммо гуфт, ин беморӣ аз байн нахоҳад рафт.

"Бо таҳияи шумораи зиёди ваксинаҳо ва баланд шудани масунияти зиддиковидӣ пандемия дар ҷаҳон коҳиш хоҳад ёфт", - гуфт ин олими тиб.

Дар баробари ин ин мутахассис бовар дорад, ки COVID-19 инсониятро тарк намекунад.
"Коронавирус боқӣ мемонад. Мо эмкуниро идома медиҳем, аммо дигар ҳолати пандемия нахоҳад буд. Ҳаёти муқаррарӣ хоҳад буд, аммо зоҳиран мо бояд бо ин вирус муддати тӯлонӣ ва пайваста мубориза барем", - гуфт Алтштейн.
Штамми омикрон ё B.1.1.529 моҳи ноябри соли гузашта дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ кашф шудааст.
Люди в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Халосии абадӣ: ҳамагири коронавирус кай хотима меёбад?
Ба гуфтаи коршиносон, ҳатто афроде, ки бемор шудаанду ваксина гирифтаанд, метавонанд ба он гирифтор шаванд.
Штамми нав аллакай саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст. Он назар ба штаммҳои қаблӣ, бахусус делта тезтар паҳн мешавад.
Сироятшинос гуфт, кадом гурӯҳи одамон гирифтори омикрон мешаванд
Ба гуфти раҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова, сироятпазирии омикрон нисбат ба штаммҳои қаблӣ аз се то ҳафт баробар зиёдтар буда, давраи инкубатсияи он аз ду то панҷ рӯз кам шудааст.
Лентаи хабарҳо
0