https://sputnik.tj/20220206/sherali-kabir-sanoatkunoni-masoil-ijtimoi-isfararo-hal-1045546304.html
Шералӣ Кабир: Саноаткунонии босуръати кишвар масоил иҷтимоии Исфараро ҳал хоҳанд кард
Шералӣ Кабир: Саноаткунонии босуръати кишвар масоил иҷтимоии Исфараро ҳал хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Барои шиносоӣ бо вазъи фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз ин шаҳр боздид кард
2022-02-06T21:00+0500
2022-02-06T21:00+0500
2022-02-07T17:05+0500
дар тоҷикистон
саноат
мушкилот
исфара
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/02/1043905792_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_06e19a98cd023c31902e73092a46c3cf.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Бино ба иттилои мақомоти шаҳри Исфара, Шералӣ Кабир, вазири саноат ҳамроҳ бо раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз коргоҳҳое назири “Корхонаи кимиёӣ”, “Тамохуш”, Комбинати консервбарорӣ, “Нилуфар” ва “Шираи гандум” дидан карданд.Тибқи иттилои манбаъ, ҳадаф аз боздид шиносоӣ бо вазъи фаъолияти корхонаҳо мебошад.Қайд карда шудааст, зимни суҳбат бо кормандони умури саноатӣ Шералӣ Кабир таъкид кардааст, ки барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди соҳа қабл аз ҳама роҳандозии тадбирҳое чун ташкили минтақаи озоди саноатӣ-инноватсионӣ, ҷалби сармоягузорони потенсиалӣ ва воридсозии технологияи пешқадам, ташаккули системаи пешбурди лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва иқлими созгори инвеститсионӣ лозим аст.Ба гуфтаи вай, амалишавии ин тадбирҳо имконият медиҳад, ки масъалаҳои иҷтимоии Исфара, махсусан таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мушкилоти инфрасохторӣ ҳал шаванд.Ҳамзамон Шералӣ Кабир ба масъулини соҳа доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бобати истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазир, истифодаи технологияҳои муосир ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти мутобиқ ба талаботи бозор дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
https://sputnik.tj/20220202/sherali-kabir-korkhonaho-azimi-davroni-shuravi-kor-namekunand-1045427504.html
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/02/1043905792_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_5485fb203a3d91d3a497b06b22b870bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, шералӣ кабир, масоили иҷтимоӣ, ҳал
тоҷикистон, саноат, шералӣ кабир, масоили иҷтимоӣ, ҳал
Шералӣ Кабир: Саноаткунонии босуръати кишвар масоил иҷтимоии Исфараро ҳал хоҳанд кард
21:00 06.02.2022 (Навсозишуда: 17:05 07.02.2022) Барои шиносоӣ бо вазъи фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз ин шаҳр боздид кард
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Бино ба иттилои мақомоти шаҳри Исфара, Шералӣ Кабир, вазири саноат ҳамроҳ бо раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз коргоҳҳое назири “Корхонаи кимиёӣ”, “Тамохуш”, Комбинати консервбарорӣ, “Нилуфар” ва “Шираи гандум” дидан карданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳадаф аз боздид шиносоӣ бо вазъи фаъолияти корхонаҳо мебошад.
Қайд карда шудааст, зимни суҳбат бо кормандони умури саноатӣ Шералӣ Кабир таъкид кардааст, ки барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди соҳа қабл аз ҳама роҳандозии тадбирҳое чун ташкили минтақаи озоди саноатӣ-инноватсионӣ, ҷалби сармоягузорони потенсиалӣ ва воридсозии технологияи пешқадам, ташаккули системаи пешбурди лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва иқлими созгори инвеститсионӣ лозим аст.
Ба гуфтаи вай, амалишавии ин тадбирҳо имконият медиҳад, ки масъалаҳои иҷтимоии Исфара, махсусан таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мушкилоти инфрасохторӣ ҳал шаванд.
Ҳамзамон Шералӣ Кабир ба масъулини соҳа доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бобати истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазир, истифодаи технологияҳои муосир ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти мутобиқ ба талаботи бозор дастуру супоришҳои мушаххас додааст.