https://sputnik.tj/20220203/koronavirus-khotima-jahon-1045461622.html
Халосии абадӣ: ҳамагири коронавирус кай хотима меёбад?
Халосии абадӣ: ҳамагири коронавирус кай хотима меёбад?
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассис гуфт, ки инсоният то кай дар шароити маҳдудиятҳои шадид аз сабаби COVID-19 зиндагӣ хоҳад кард
2022-02-03T18:15+0500
2022-02-03T18:15+0500
2022-02-18T19:28+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
коронавирус
омикрон
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/03/1045440884_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_c14e38f0ec65b9a2c7906b5fa44d84fb.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Пандемияи коронавирус дар ҷаҳон тақрибан 3 сол идома меёбад. Дар ин бора дар суҳбат бо РИА "Новости" Михаил Шелканов, директори Пажуҳишгоҳи эпидемиология ва микробиология ба номи Г. П. Сомови "Роспотребнадзор", мудири шуъбаи эпидемиологияи Мактаби биотиббӣ иттилоъ дод. Мутахассис қайд кард, ки як қатор вижагиҳои минтақаӣ ба ҷараёни пандемияи COVID-19 таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Акнун инсоният бояд чанд соли дигар ба зиндагӣ дар зери маҳдудиятҳои шадид одат кунад. Ба гуфтаи олим, бисёр чиз аз масунияти умумӣ ва то чӣ андоза зуд ба тағирёбии вирус мувофиқат кардани он вобаста аст. Қаблан табиби шоистаи Русия, эпидемиолог Геннадий Онишенко гуфта буд, ки пандемия мумкин то моҳи майи соли 2022 хотима ёбад. Аммо барои ин маҳдудиятҳои қаблан ҷоришударо қатъиян риоя ва эм кардан лозим аст. Ба гуфтаи коршинос, ҳоло ҳеҷ асосе барои воҳима ба сабаби COVID-19 вуҷуд надорад. Ба мақомот лозим нест, ки карантин ё рӯзҳои ғайрикорӣ ҷорӣ кунанд. Аз ҳама муҳимаш ба эмгузаронии аҳолӣ диққат додан муҳим аст.Дар навбати худ Демосфен Сарияннис, профессори Донишгоҳи Аристотели Салоники бовар дорад, ки пандемияи коронавирус то 20 феврал хотима меёбад. Ба ин коҳиши мавҷи сироятҳо бо штамми омикрон ва эмкунии аксарияти инсоният мусоидат мекунад. Вай таъкид кард, ки ин даври пандемия метавонад охирин бошад, аммо ӯ эҳтимоли пайдоиши навъҳои нави COVID-19-ро истисно накард.
https://sputnik.tj/20220126/koronavirus-kiro-azob-medihad-1045156304.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/03/1045440884_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_24b421102abee80b21432661ade79e0a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус, пандемия, ҳамагирӣ, нестшавӣ
коронавирус, пандемия, ҳамагирӣ, нестшавӣ
Халосии абадӣ: ҳамагири коронавирус кай хотима меёбад?
18:15 03.02.2022 (Навсозишуда: 19:28 18.02.2022) Коршинос гуфт, инсоният то кай дар шароити маҳдудиятҳои шадид аз сабаби COVID-19 зиндагӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Пандемияи коронавирус дар ҷаҳон тақрибан 3 сол идома меёбад. Дар ин бора дар суҳбат бо РИА "Новости" Михаил Шелканов, директори Пажуҳишгоҳи эпидемиология ва микробиология ба номи Г. П. Сомови "Роспотребнадзор", мудири шуъбаи эпидемиологияи Мактаби биотиббӣ иттилоъ дод.
Мутахассис қайд кард, ки як қатор вижагиҳои минтақаӣ ба ҷараёни пандемияи COVID-19 таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Акнун инсоният бояд чанд соли дигар ба зиндагӣ дар зери маҳдудиятҳои шадид одат кунад.
"Агар мо дар бораи тамоили умумии дарозмуддат сухан ронем, пас мо бояд ба он омода шавем, ки соли 2022, инчунин 2023 ва эҳтимолан соли 2024 низ дар шароити пандемия ба сар мебарем", - таъкид кард Шелканов.
Ба гуфтаи олим, бисёр чиз аз масунияти умумӣ ва то чӣ андоза зуд ба тағирёбии вирус мувофиқат кардани он вобаста аст.
Қаблан табиби шоистаи Русия, эпидемиолог Геннадий Онишенко гуфта буд, ки пандемия мумкин то моҳи майи соли 2022 хотима ёбад.
Аммо барои ин маҳдудиятҳои қаблан ҷоришударо қатъиян риоя ва эм кардан лозим аст.
"То моҳи май вақти зиёд аст. Агар он чизеро, ки ҳоло ба мо лозим аст, анҷом диҳем, пас то он вақт он хотима меёбад ё ба ҳар сурат таҳти назорат гирифта мешавад", - қайд кард Онишенко.
Ба гуфтаи коршинос, ҳоло ҳеҷ асосе барои воҳима ба сабаби COVID-19 вуҷуд надорад.
Ба мақомот лозим нест, ки карантин ё рӯзҳои ғайрикорӣ ҷорӣ кунанд. Аз ҳама муҳимаш ба эмгузаронии аҳолӣ диққат додан муҳим аст.
Дар навбати худ Демосфен Сарияннис, профессори Донишгоҳи Аристотели Салоники бовар дорад, ки пандемияи коронавирус то 20 феврал хотима меёбад.
Ба ин коҳиши мавҷи сироятҳо бо штамми омикрон ва эмкунии аксарияти инсоният мусоидат мекунад.
Вай таъкид кард, ки ин даври пандемия метавонад охирин бошад, аммо ӯ эҳтимоли пайдоиши навъҳои нави COVID-19-ро истисно накард.