https://sputnik.tj/20220206/erdughon-mubtalo-covid-19-1045539984.html
Эрдуғон ва ҳамсараш гирифтори омикрон шуданд
Эрдуғон ва ҳамсараш гирифтори омикрон шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Туркия гуфт, ки ӯ ва хонуми аввал пас аз эҳсоси аломатҳо санҷиш гузарониданд
2022-02-06T13:15+0500
2022-02-06T13:15+0500
2022-02-07T15:23+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
раҷаб тайиб эрдуғон
туркия
коронавирус
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0f/1031901870_0:0:2631:1480_1920x0_80_0_0_f2f2ba1aca4b49bdbc6e18895cf990dd.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Раҷаб Тайин Эрдуғон дар бораи мубталошавияш ба коронавирус хабар дод. Дар ин бора президент дар саҳифааш дар "Twitter" иттилоеро нашр кардааст.Ба гуфтаи раисиҷумҳури Туркия, ӯ ва ҳамсараш Эмине Эрдуғон пас аз пайдо шудани нишонаҳои сабук ташхиси ПСР гузаштанд. Натиҷаи санҷиш мусбат будааст. Рӯзи сеюми феврал Эрдуғон аз Украина боздид кард ва дар он ҷо бо президенти ин кишвар Владимир Зеленский мулоқот намуд. Ҳамчунин ҷаласаи Шӯрои стратегии сатҳи олии ду кишвар баргузор шуд.Штамми омикрон ё B.1.1.529 моҳи ноябри соли гузашта дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ кашф шудааст.Ба гуфтаи коршиносон, ҳатто афроде, ки бемор шудаанду ваксина гирифтаанд, метавонанд ба он гирифтор шаванд.Штамми нав аллакай саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст. Он назар ба штаммҳои қаблӣ, бахусус делта зудтар паҳн мешавад.
https://sputnik.tj/20220121/lukashenko-omikron-belorus-1045043084.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0f/1031901870_0:0:2565:1924_1920x0_80_0_0_d48dea279b76cb5b4cf6f499584d2b55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрдуғон, омикрон
Эрдуғон ва ҳамсараш гирифтори омикрон шуданд
13:15 06.02.2022 (Навсозишуда: 15:23 07.02.2022) Президенти Туркия гуфт, ки ӯ ва хонуми аввали ин кишвар пас аз эҳсоси аломатҳои коронавирус аз ташхис гузаштаанд
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Раҷаб Тайин Эрдуғон дар бораи мубталошавияш ба коронавирус хабар дод.
Дар ин бора президент дар саҳифааш дар "Twitter" иттилоеро нашр кардааст.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Туркия, ӯ ва ҳамсараш Эмине Эрдуғон пас аз пайдо шудани нишонаҳои сабук ташхиси ПСР гузаштанд. Натиҷаи санҷиш мусбат будааст.
"Чунон ки мо фаҳмидем, ин омикрон аст. Беморӣ, хушбахтона, сабук аст. Мо корро аз хона идома медиҳем, интизори дуоҳои шумо ҳастем", - навиштааст президенти Туркия.
Рӯзи сеюми феврал Эрдуғон аз Украина боздид кард ва дар он ҷо бо президенти ин кишвар Владимир Зеленский мулоқот намуд. Ҳамчунин ҷаласаи Шӯрои стратегии сатҳи олии ду кишвар баргузор шуд.
Штамми омикрон ё B.1.1.529 моҳи ноябри соли гузашта дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ кашф шудааст.
Ба гуфтаи коршиносон, ҳатто афроде, ки бемор шудаанду ваксина гирифтаанд, метавонанд ба он гирифтор шаванд.
Штамми нав аллакай саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст. Он назар ба штаммҳои қаблӣ, бахусус делта зудтар паҳн мешавад.