Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Лукашенко дар бораи гирифторӣ ба омикрон гуфт: Лижаронӣ мекардаму ҳезум мебуридам

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкВыступление президента Белоруссии Александра Лукашенко
Выступление президента Белоруссии Александра Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Обуна шудан
Президенти Беларус мегӯяд, дар зимни гирифторӣ ба омикрон лижаронӣ мекарду ҳезум мебурид
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, ки коронавирусро "бо пои истода" аз сар гузаронд.
Қаблан ӯ гуфта буд, ки ду бор ба COVID-19 гирифтор шудааст, бори охир штамми омикрон будааст, менависад РИА "Новости".

"Ман худро чандон хуб ҳис намекардам, аммо лижаронӣ мекардам, ҳезум мебуридам, ҳама корро мисли пештара анҷом медодам. Ягона чиз ин буд, ки мо хоккей бозӣ намекардем", - иқтибос овардааст хадамоти матбуотии Лукашенко аз суханони президент.

Президент иқрор шуд, ки ин дафъа бемориро нисбат ба даври аввал осонтар паси сар кард.
Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Расонаҳо: Ҳабиб Нурмуҳаммадов гирифтори коронавирус шуд
Ёдовар мешавем, штамми нави COVID-19 бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана пайдо шуд. Он аз дигар навъҳо бо афзоиши шумораи мутатсияҳо ва паҳншавии босуръат фарқ мекунад.
Сироятшинос гуфт, кай омикрон дар Русия ба авҷи худ мерасад
Нишонаҳои асосии ин навъи коронавирусро пизишкон дар беҳолӣ, дарди сар, диққи нафас ва патиши сатхи дил дар ҳолати ором, ҳамчунин ҳарорати аз 37 болои бадан мегӯянд.
Лентаи хабарҳо
0