Дидори писари Бин Лоден бо мақомҳои толибон

© REUTERS \ West Asia News AgencyБойцы "Талибана"* в парке развлечений в Кабуле
Бойцы Талибана* в парке развлечений в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2022
Обуна шудан
Писари раҳбари гурӯҳи террористии “Ал-қоида” дар поёни соли гузашта бо мақомҳои гурӯҳи толибон дар Афғонистон дидор кардааст
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Бар пояи гузориши ҷадиди Созмони Милал, гурӯҳҳои "террористи"-и хориҷӣ, аз “Ал-қоида” дар шибҳиқораи Ҳинд гирифта то гурӯҳҳои ӯзбекистонӣ нисбат ба солҳои пешин аз озодии бештаре дар Афғонистон бархурдор шуданд ва писари Усома бин Лодин дар моҳи октябр ҷиҳати мулоқот бо мақомоти толибон ба ин кишвар сафар кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИСНА.
Ба гузориши "Hindustan Times", дар гузориши ахири Шӯрои Амнияти СММ дар бораи ин гурӯҳ гуфта мешавад, ки толибон барои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои "террористони хориҷӣ" ҳеҷ коре накардаанд.
Гузоришҳо ва иддаоҳо дар бораи пайдоиши ин гурӯҳҳо дар Кобул "шубҳаҳоро боз ҳам пурзӯр мекунанд".
Руководство Талибана во время совещания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Зодаи вилояти Бадахшон додситони кулли Афғонистон таъйин шуд
Тими пуштибони СММ ва тими мониторинги таҳримҳо барои ҷори кардани таҳримҳо алайҳи ин гурӯҳҳои "террористӣ" дар ду сол як бор чунин гузориш омода мекунанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки “Ал-қоида” пас аз табрики толибон бо пирӯзӣ дар 31 августи соли 2021 "сукути стратегӣ"-яшро нигоҳ доштааст.
Дар гузориш омадааст, "фазои амниятӣ дар Афғонистон аз 15 август ба таври куллӣ тағйир ёфт." Ҳамчунин дар талошҳои толибон барои маҳдуд кардани фаъолияти гурӯҳҳои террористони хориҷӣ дар кишвар нишоне аз тағйирот ба мушоҳида намерасад.
Мувофиқи ин изҳорот, ҳама чиз баръакс ба назар мерасад; гурӯҳҳои "террористӣ" аз ҳузури худ дар хоки Афғонистон ҳарчи бештар манфиат мегиранд.
Як узви Созмони Милали Муттаҳид хабар дод, ки Абдуллоҳ, писари Усома бин Лоден, раҳбари шабакаи "Ал-қоида" моҳи октябр ба Афғонистон сафар карда, бо мақомоти толибон мулоқот кардааст.
Имран Хан, примьер министр Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Имронхон: Афғонистон бо бадтарин ошуфтагии инсонӣ рӯ ба рӯ аст
Амин Муҳаммад Алҳақ Сомхон, ҳамоҳангсози амниятии Усома бин Лоден, раҳбари кушташудаи “Ал-қоида” низ дар авохири моҳи август ба манзилаш дар Афғонистон баргашт.
Бар асоси ин гузориш, шумори фаъолони “Ал-қоида” дар шибҳиқораи Ҳинд аз 200 то 400 нафар гуфта мешавад, ки аксаран аз шаҳрвандони Афғонистон, Бангладеш, Ҳинд, Мянмар ва Покистон мебошанд.
Илова бар ин дар як таҳаввулоти нигаронкунанда кишварҳои узви Созмони Милал гузориш доданд, ки ҳангоми ба қудрат расидани толибон ҳазорон зиндонӣ озод шуда, шумори ҷангҷӯёни ДИИШ аз 2200 то 4000 нафар афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0