https://sputnik.tj/20220131/zodai-viloyati-badakhshon-dodsitoni-kulli-afghoniston-1045360992.html
Зодаи вилояти Бадахшон додситони кулли Афғонистон таъйин шуд
Зодаи вилояти Бадахшон додситони кулли Афғонистон таъйин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бо фармони роҳбари гурӯҳи толибҳо ахиран зодаи вилояти Бадахшон ба ҳайси додситони кулли Афғонистон таъйин шуд
2022-01-31T18:50+0500
2022-01-31T18:50+0500
2022-02-01T11:35+0500
афғонистон
толибон
додситони кулл
таъйин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042008763_23:0:985:541_1920x0_80_0_0_7d12d5acf23312d0fe741d6f62a94089.jpg
ДУШАНБЕ, 31янв — Sputnik. Инъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи толибон дар паёми твиттерие эълом кард, Шамсиддин Шариатӣ, муовини собиқи вазири кишоварзӣ, обёрӣ ва домдории толибон ба унвони додситони кулли Афғонистон таъйин шудааст.Вай афзуд, Шариатӣ бо ҳукми Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари толибон ба ин симмат мансуб шудааст.Самангонӣ идома дод, ки додситони кулли толибҳо аҳли шаҳристони Кишми вилояти Бадахшон аст ва дар гузашта ба унвони волии вилоятҳои Пактиё, Майдон Вардак ва масъули ҷиҳодии вилояти Бадахшон, муовини Комиссияи даъвату иршод ва ҳамчунин муовини Комиссияи ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён фаъолият кардааст.Пас аз он ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико поёни амалиёти низомии Вашингтон дар Афғонистонро эълом кард, толибон бидуни мувоҷеҳа бо ҳеҷ муқовимате Кобулро тасарруф карданд.Ба гуфтаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон, ин кишвар дар 15 соли гузашта беш аз 3000 хонаводаи паноҳҷӯи афғонро сабт кардааст, ки теъдоди онҳо дар маҷмуъ 15 ҳазор нафар аст. Тоҷикистон бо 1344 километр, тӯлонитарин марз бо Афғонистонро дорад.
https://sputnik.tj/20220129/imronkhon-afghoniston-oshuftagii-insoni-1045324612.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042008763_143:0:864:541_1920x0_80_0_0_e50f60e349ad10d035f261fb3749e662.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибҳо, толибон, додситони кулл, таъйин
афғонистон, толибҳо, толибон, додситони кулл, таъйин
Зодаи вилояти Бадахшон додситони кулли Афғонистон таъйин шуд
18:50 31.01.2022 (Навсозишуда: 11:35 01.02.2022) Бо фармони роҳбари гурӯҳи толибҳо ахиран зодаи вилояти Бадахшон ба ҳайси додситони кулли Афғонистон таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 31янв — Sputnik. Инъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи толибон дар паёми твиттерие эълом кард, Шамсиддин Шариатӣ, муовини собиқи вазири кишоварзӣ, обёрӣ ва домдории толибон ба унвони додситони кулли Афғонистон таъйин шудааст.
Вай афзуд, Шариатӣ бо ҳукми Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари толибон ба ин симмат мансуб шудааст.
Самангонӣ идома дод, ки додситони кулли толибҳо аҳли шаҳристони Кишми вилояти Бадахшон аст ва дар гузашта ба унвони волии вилоятҳои Пактиё, Майдон Вардак ва масъули ҷиҳодии вилояти Бадахшон, муовини Комиссияи даъвату иршод ва ҳамчунин муовини Комиссияи ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён фаъолият кардааст.
Пас аз он ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико поёни амалиёти низомии Вашингтон дар Афғонистонро эълом кард, толибон бидуни мувоҷеҳа бо ҳеҷ муқовимате Кобулро тасарруф карданд.
Ба гуфтаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон, ин кишвар дар 15 соли гузашта беш аз 3000 хонаводаи паноҳҷӯи афғонро сабт кардааст, ки теъдоди онҳо дар маҷмуъ 15 ҳазор нафар аст. Тоҷикистон бо 1344 километр, тӯлонитарин марз бо Афғонистонро дорад.