Бо доллар чӣ мешавад: пешгӯии иқтисоддон аз болоравии ҳайратангези он

Обуна шудан
Қурби асъори амрикоӣ метавонад бори дигар "сюрприз"-е нишон диҳад. Аммо ба доллар чӣ таъсир мерасонад?
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Феълан вазъи геополитикӣ таҳдиди асосӣ ба қурби доллар аст. Дар ин бора Артем Тузов, мудири иҷроияи Департаменти бозори сармояи ИК "УНИВЕР Капитал" дар суҳбат бо оҷонсии "Прайм" иттилоъ дод.
Ба қавли ӯ, барои боло рафтани қурби доллар то 100 рубл ҳеҷ далели иқтисодие вуҷуд надорад.
Ҳоло иқтисод ва буҷаи Русия нисбат ба замони пеш аз пандемияи корона дар шароити беҳтар қарор дорад. Он вақт як доллар 60 рубл буд, ёдовар шуд мутахассис.
Нархи маҳсулоти асосии содиротӣ боло рафт, буҷет профитсит дорад ва захираҳои бонки марказӣ рекордҳои нави таърихӣ гузошта истодаанд.
Сарфи назар аз суботи нисбӣ дар иқтисод омили асосии қурби пули ИМА вазъи геополитикӣ буд.
"Сабабҳои зиёди сиёсӣ вуҷуд доранд, ки доллар метавонад то 100 рубл боло равад", - гуфт ин иқтисоддон.
Пстреча Председателя Национального банка Таджикистана Хокима Холикзода с новой Делегацией МВФ. в Таджикистан Селима Элекдага - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Раиси Бонки миллӣ қурби сомониро нисбат ба доллар муътадил арзёбӣ кард
Аз ҷумла халалдор шудани музокироти Русия, ИМА ва НАТО, ташдиди авзоъ дар атрофи Украина ва таҳдиди таҳримот.
Дар шароите, ки сиёсати Ғарб бо мантиқ робитаи худро қатъ кардааст, доллар метавонад бори дигар боло равад, гуфт Тузов дар мусоҳиба бо "Прайм".
Ноустуворӣ дар арсаи геополитикӣ "асабоният"-и сармоягузоронро ба вуҷуд меорад, ки ин пеш аз ҳама ба қурби асъор таъсир мерасонад.
Доллар дар азоб: бо асъори амрикоӣ соли 2022 чӣ рух медиҳад?
Сарфи назар аз вазъияти пуршиддати сиёсӣ баъзе иқтисоддонҳо ба ин тағйир хушбинанд.
Ҳамин тавр мудири шуъбаи молия ва иқтисоди Донишкадаи рушди муосир Никита Масленников дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, бозорҳо ба чунин бесуботӣ одат ва изҳороти мусбати “ба даст гирифтани вазъро аз худ кардаанд”.
Лентаи хабарҳо
0