Зимистони қаҳратун: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевСнегопад в Душанбе
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф мебораду меғ мефарояд
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок мешавад ва дар дар ноҳияҳои ғарбии вилоят бошиддат барф меборад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 25-30 сард, рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф, дар ноҳияҳои алоҳида бориши бошиддат шуда, меғ мефарояд, - хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносӣ.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа гарм ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барф, дар ноҳияҳои алоҳида бориши бошиддат ба амал меояд. Ҳамчунин меғ мефарояд.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа гарм ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф бошиддат мебораду меҳ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1-6 дараҷа гарм, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, баъзе ноҳияҳо то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат меборад.
Ҳаво шабона 3-5 дараҷа гарм ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0