https://sputnik.tj/20220206/afzoishi-besobiqai-muhojirat-afghoniston-eron-1045541490.html
Расонаҳо: Сабти афзоиши бесобиқаи муҳоҷирати шаҳрвандони Афғонистон ба Эрон
Расонаҳо: Сабти афзоиши бесобиқаи муҳоҷирати шаҳрвандони Афғонистон ба Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Бо омадани толибҳо ба сари қудрат дар Афғонистон афзоиши муҳоҷирати шаҳрвандони ин кишвар ба Эрон ба қайд гирифта шудааст
2022-02-06T14:44+0500
2022-02-06T14:44+0500
2022-02-07T18:58+0500
афғонистон
толибон
эрон
гурезаҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040707336_0:294:3072:2022_1920x0_80_0_0_a58c7f207c90b9af78d50c39115a06a6.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Беш аз як миллион шаҳрвандони Афғонистон дар чанд моҳи гузашта, ки толибон бар сари қудрат омаданд, аз марзҳои ҷануби ғарбӣ ба Эрон ҳиҷрат кардаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ово” дар истинода ба рӯзномаи "Ню-Йорк таймс".Тибқи иттилои манбаъ, созмонҳои имдодрасон мегӯянд, ба таври тахминӣ рӯзона беш аз 5 ҳазор аз шаҳрвандони Афғонистон вориди Эрон мешаванд.Мушиклоти иқтисодӣ ва бекории ба вуҷудомада дар пайи таҳаввулоти ахир дар Афғонистон яке аз сабабҳои аслии муҳоҷирати шаҳрвандони ин кишвар ба берун аз кишвар аст, ки албатта, мушкилоти ҷиддиеро барои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Эрон ба ҳамроҳ доштааст.Моҳи гузашта вазири умури хориҷии Эрон низ гуфта буд, ки беш аз 800 ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ аз роҳҳои мухталифи қонунӣ ва ғайриқонунӣ, дар пайи таҳаввулоти ахир вориди ин кишвар шудаанд.Расонаҳои эронӣ менависанд, ки дар баробари воридшавии зиёди муҳоҷирони афғонистонӣ ба Эрон то кунун кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ кумаке ба Эрон барои расидагӣ ба вазъи муҳоҷирин накардаанд.Ёдовар мешавем, ки бо сарнагунии давлати Ашраф Ғанӣ ва тасаллути гурӯҳи толибон дар Афғонистон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба далели сиёсатҳои сахтгиронаи ин гурӯҳ, бавижа дар хусуси риояти ҳаққи таҳсилу кори занон, онро ба расмияти нашинохта ва Ғарб бо бастани дороиҳои ин кишвар шароити сахтеро барои шаҳрвандони Афғонистон ба вуҷуд овардааст.Бисёре аз шаҳрвандони Афғонистон барои раҳоӣ аз вазъияти номуносиб тасмим гирифтаанд, Ватанашонро тарк намоянд ва дар кишварҳои мухталиф паноҳ баранд
https://sputnik.tj/20220206/soleh-mullo-hiybatulloh-murda-tolibon-ovoza-durugh-1045540173.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040707336_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_2dc0a5084c97cd3dc88e06039eabd3f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, эрон, муҳоҷират,гуреза, афзоиш, бесобиқа
афғонистон, эрон, муҳоҷират,гуреза, афзоиш, бесобиқа
Расонаҳо: Сабти афзоиши бесобиқаи муҳоҷирати шаҳрвандони Афғонистон ба Эрон
14:44 06.02.2022 (Навсозишуда: 18:58 07.02.2022) Бо омадани толибҳо ба сари қудрат дар Афғонистон афзоиши муҳоҷирати шаҳрвандони ин кишвар ба Эрон мушоҳида шудааст
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Беш аз як миллион шаҳрвандони Афғонистон дар чанд моҳи гузашта, ки толибон бар сари қудрат омаданд, аз марзҳои ҷануби ғарбӣ ба Эрон ҳиҷрат кардаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ово” дар истинода ба рӯзномаи "Ню-Йорк таймс".
Тибқи иттилои манбаъ, созмонҳои имдодрасон мегӯянд, ба таври тахминӣ рӯзона беш аз 5 ҳазор аз шаҳрвандони Афғонистон вориди Эрон мешаванд.
“Шумори зиёде аз онон рафтан ба Эронро содатарин ва танҳотарин гузина барои наҷоти ҷонашон аз гуруснагӣ ва тарс медонанд”, - навиштааст "Ню-Йорк таймс".
Мушиклоти иқтисодӣ ва бекории ба вуҷудомада дар пайи таҳаввулоти ахир дар Афғонистон яке аз сабабҳои аслии муҳоҷирати шаҳрвандони ин кишвар ба берун аз кишвар аст, ки албатта, мушкилоти ҷиддиеро барои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Эрон ба ҳамроҳ доштааст.
Моҳи гузашта вазири умури хориҷии Эрон низ гуфта буд, ки беш аз 800 ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ аз роҳҳои мухталифи қонунӣ ва ғайриқонунӣ, дар пайи таҳаввулоти ахир вориди ин кишвар шудаанд.
Расонаҳои эронӣ менависанд, ки дар баробари воридшавии зиёди муҳоҷирони афғонистонӣ ба Эрон то кунун кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ кумаке ба Эрон барои расидагӣ ба вазъи муҳоҷирин накардаанд.
Ёдовар мешавем, ки бо сарнагунии давлати Ашраф Ғанӣ ва тасаллути гурӯҳи толибон дар Афғонистон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба далели сиёсатҳои сахтгиронаи ин гурӯҳ, бавижа дар хусуси риояти ҳаққи таҳсилу кори занон, онро ба расмияти нашинохта ва Ғарб бо бастани дороиҳои ин кишвар шароити сахтеро барои шаҳрвандони Афғонистон ба вуҷуд овардааст.
Бисёре аз шаҳрвандони Афғонистон барои раҳоӣ аз вазъияти номуносиб тасмим гирифтаанд, Ватанашонро тарк намоянд ва дар кишварҳои мухталиф паноҳ баранд