https://sputnik.tj/20220206/soleh-mullo-hiybatulloh-murda-tolibon-ovoza-durugh-1045540173.html
Солеҳ: Мулло Ҳийбатуллоҳ мурдааст ва толибон дар бораи ӯ овозаҳои дурӯғ паҳн мекунанд
Солеҳ: Мулло Ҳийбатуллоҳ мурдааст ва толибон дар бораи ӯ овозаҳои дурӯғ паҳн мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон Толибонро манфуршуда хонд ва гуфт, ки ҳеҷ кас намехоҳад бо онҳо канор биёяд. вай иддао дорад, ки роҳбари гурӯҳи толибон мурдааст
2022-02-06T13:45+0500
2022-02-06T13:45+0500
2022-02-07T15:27+0500
афғонистон
амруллоҳ солеҳ
толибон
мурда
роҳбар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042079159_0:0:2884:1623_1920x0_80_0_0_edc67a270537840e64152892d7748513.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи раисҷумҳури Афғонистон дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ навишт, толибро ба ҳадде бадбинӣ ва рад мекунанд, ки касе ғайри толибҳо омода нест, бо онҳо созиш кунад, навиштааст Sputnik Афғонистон."Ҳеҷ кишвар омода нест, ки бо толибон ҳамкорӣ кунад ва ба худ доғи сиёҳ бигирад. Ҳар яке мунтазири дигареест, ки таъми талх ва бадбӯйро аввал начашад. Толиб чунон зишт ва бадном аст, ки Равалпиндӣ чун падар ҷуръати шинохтани онро надорад”, - афзуд Солеҳ.Оқои Солеҳ гуфт, бархе аз афғонҳо ё бо толибон меҷанганд ва ё аз дасти толибҳо ба кишварҳои дигар фирор мекунанд.Муовини раисҷумҳури пешини Афғонистон илова кард, ки изҳороти ин гурӯҳ рӯз то рӯз хандаовартар мешавад.Вай ахиран бори дигар таъкид кард, ки Мулло Ҳийбатуллоҳ мурдааст ва толибон дар бораи зинда будани ӯ овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанд.
https://sputnik.tj/20220113/soleh-parcham-kafanmonand-tolibon-1044788390.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042079159_124:0:2855:2048_1920x0_80_0_0_f08e5a93cf36eab81c4dc260961c360e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, солеҳ, мулл ҳаийбатуллоҳ, мурда, овозаҳо, дурӯғ
афғонистон, солеҳ, мулл ҳаийбатуллоҳ, мурда, овозаҳо, дурӯғ
Солеҳ: Мулло Ҳийбатуллоҳ мурдааст ва толибон дар бораи ӯ овозаҳои дурӯғ паҳн мекунанд
13:45 06.02.2022 (Навсозишуда: 15:27 07.02.2022) Муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон толибонро манфуршуда хонд ва гуфт, ки ҳеҷ кас намехоҳад бо онҳо канор биёяд. Вай иддао дорад, ки роҳбари гурӯҳи толибон мурдааст
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи раисҷумҳури Афғонистон дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ навишт, толибро ба ҳадде бадбинӣ ва рад мекунанд, ки касе ғайри толибҳо омода нест, бо онҳо созиш кунад, навиштааст Sputnik Афғонистон.
"Ҳеҷ кишвар омода нест, ки бо толибон ҳамкорӣ кунад ва ба худ доғи сиёҳ бигирад. Ҳар яке мунтазири дигареест, ки таъми талх ва бадбӯйро аввал начашад. Толиб чунон зишт ва бадном аст, ки Равалпиндӣ чун падар ҷуръати шинохтани онро надорад”, - афзуд Солеҳ.
Оқои Солеҳ гуфт, бархе аз афғонҳо ё бо толибон меҷанганд ва ё аз дасти толибҳо ба кишварҳои дигар фирор мекунанд.
“Касе, ки на дар ҷанг ва дар роҳи тарки Ватан нест, дар асорат аст ва лаҳзаҳои оғози ҷанги бузург ё тарки Ватанро ҳисоб мекунад”, - илова кардааст Солеҳ.
Муовини раисҷумҳури пешини Афғонистон илова кард, ки изҳороти ин гурӯҳ рӯз то рӯз хандаовартар мешавад.
Вай ахиран бори дигар таъкид кард, ки Мулло Ҳийбатуллоҳ мурдааст ва толибон дар бораи зинда будани ӯ овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанд.