https://sputnik.tj/20220205/darguzasht-damirbek-olimov-saroyanda-1045520381.html
Даргузашти Дамирбек Олимов, сарояндаи ҷавони тоҷик
Даргузашти Дамирбек Олимов, сарояндаи ҷавони тоҷик
Sputnik Тоҷикистон
Иллати марги сарояндаи ҷавон то ҳол дақиқ нест 05.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-05T08:20+0500
2022-02-05T08:20+0500
2022-02-07T17:51+0500
фарҳанг
дар тоҷикистон
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/05/1045520359_0:34:922:553_1920x0_80_0_0_f654281ae054a76afdb89c7cfd95f0ef.jpg
ДУШАНБЕ, 05 фев — Sputnik. Дамирбек Олимов, аз сарояндаҳои шинохтаи мусиқии поп ва классикии тоҷик дар синни 33-солагӣ даргузашт.Як манбаъ аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳунарманди ҷавон шаби 4 феврал даргузаштааст.Ҳамзамон марги ҳунармандро Маҳками Баҳриддин, яке аз ҳамкасбони Дамирбек Олимов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.Иллати марги ҳунарманд то ҳол дақиқ нест.Дамирбек Олимов соли 1989 дар ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) дар оилаи сароянда Ботурчон Олимов ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна, ӯ Коллеҷи Донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанро хатм кардааст.Вай дар ансамбли шашмақомхонии "Нури Хуҷанд", ки роҳбариашро устод Ҷӯрабек Муродов ба уҳда доранд, фаъолият мекунад ва дар ансамбли созу овози "Садои Суғд" низ кор кардааст. Марҳум оиладор аст ва падари 3 фарзанд буд.Шуҳрати Дамирбек баъди иҷрои суруди "Зулфони майда" дар "Чакомаи гесӯ" ва баъд мавригии "Ҷон, бачаи хола", дуэт бо сароянда Нигина Амонқулова бештар шуд.Ӯ аз камтарин сарояндагони ҷавон буд, ки ҳам дар иҷрои жанри эстрада ва ҳам шашмақом маҳорати волое дошт.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/05/1045520359_0:0:922:692_1920x0_80_0_0_e8b930de8c28b4d08f30eb62cdbc5343.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарҳанг, дар тоҷикистон, даргузашт
фарҳанг, дар тоҷикистон, даргузашт
Даргузашти Дамирбек Олимов, сарояндаи ҷавони тоҷик
08:20 05.02.2022 (Навсозишуда: 17:51 07.02.2022) Иллати марги сарояндаи ҷавон то ҳол дақиқ нест
ДУШАНБЕ, 05 фев — Sputnik. Дамирбек Олимов, аз сарояндаҳои шинохтаи мусиқии поп ва классикии тоҷик дар синни 33-солагӣ даргузашт.
Як манбаъ аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳунарманди ҷавон шаби 4 феврал даргузаштааст.
"Мо низ субҳи барвақт огоҳ шудем, ки дӯстамон ҷавонмарг шудааст. Чанд рӯз қабл дар тамос будем аз чизе шикоят надошт",- афзуд манбаъ.
Ҳамзамон марги ҳунармандро Маҳками Баҳриддин, яке аз ҳамкасбони Дамирбек Олимов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
Иллати марги ҳунарманд то ҳол дақиқ нест.
Дамирбек Олимов соли 1989 дар ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) дар оилаи сароянда Ботурчон Олимов ба дунё омадааст.
Баъд аз хатми мактаби миёна, ӯ Коллеҷи Донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанро хатм кардааст.
Вай дар ансамбли шашмақомхонии "Нури Хуҷанд", ки роҳбариашро устод Ҷӯрабек Муродов ба уҳда доранд, фаъолият мекунад ва дар ансамбли созу овози "Садои Суғд" низ кор кардааст. Марҳум оиладор аст ва падари 3 фарзанд буд.
Шуҳрати Дамирбек баъди иҷрои суруди "Зулфони майда" дар "Чакомаи гесӯ" ва баъд мавригии "Ҷон, бачаи хола", дуэт бо сароянда Нигина Амонқулова бештар шуд.
Ӯ аз камтарин сарояндагони ҷавон буд, ки ҳам дар иҷрои жанри эстрада ва ҳам шашмақом маҳорати волое дошт.