Сохтмони маҷмаи "Истиқлол ва озодӣ" дар Душанбе ҳамин сол анҷом хоҳад ёфт

© Пресс-служба президента РТПарк "Истиклолият" с архитектурным комплексом и стелой
Парк Истиклолият с архитектурным комплексом и стелой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
Раиси Кумитаи сохтмону меъмории кишвар зимни нишасти матбуотӣ гуфт, маҷмаи меъмории ""Истиқлол ва озодӣ" соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон ҳамчунин дар ин нишастӣ матбуотӣ ба таъхир афтодани итмоми ин маҷмаъро ба пандемияи корона ва далелҳои техникӣ марбут донист.

“Якум ин ки аз тарафи мутахассисон тавсия дода шуд, то якчанд моҳи дигар сохтмони маҷмаъ идома дода шавад. Дуюм масъала ин пандемия буд. Бояд якчанд намуди борҳо аз Ҷумҳурии Чин, сангҳо аз Юнону Туркия меомаданд, ки роҳҳо баста буданд”.

Вай афзуд, маҷмаи мазкур дар ин ҷо бори аввал сохта мешаваду хусусияти техникии вазнин дорад ва ҳамчунин барои он лифтҳои махсус фармоиш шудааст, ки дар муддати 1 солу 2 моҳ омода мешаванд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфт, ба масоҳати замини маҷмаъ, ки пештар 29 ҳектор буд, боз 30 ҳектори дигар илова шуд ва ҳоло баландии он 121 метр аст.
Глава Комитета по архитектуре и строительству Махмадсаид Зувайдзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Мардум донад? Зувайдзода гуфт, нақшаи генералӣ махфист
Ёдовар мешавем, ки ин маҷмаъ бояд дар 30-солагии истиқлоли кишвар мавриди истифода қарор мегирифт.
Маҷмаи меъмории "Истиқлол ва озодӣ” маҷмаи асоси Ҷашни 30-солагии истиқлол дар Тоҷикистон буд, ки бояд моҳи сентябри соли гузашта ба истифода дода мешуд, аммо ба далели поён наёфтани кори сохтмони он итмомаш ба таъхир гузошта шуд.
Иншооти мазкур дар қисмати марказии пойтахт, дар фосилаи миёни Иттифоқи нависандагон ва Донишгоҳи омӯзгорӣ, дар пушти меҳмонхонаи “Авасто”, маҷмаи “Кохи Ваҳдат” ва ҷойи ҳозираи Масҷиди марказии Душанбеву Донишкадаи исломӣ бунёд мешавад.
Сохтмони маҷмаъ бар асоси лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе таҳия шудааст, амалӣ мегардад.
Баландии муҷассамаи маҷмаи меъмории рамзи "Истиқлолият ва Озодӣ" дар маҷмуъ 121 метр ва пояи он 85 метрро ташкил медиҳад.
Дар баландии 91 метри маҷмаа майдони тамошо сохта мешавад, ки сокинону меҳмонони Душанбе дар ин баландӣ аз тамошои манзараҳои пойтахт баҳравар мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0