Бародари президенти фирорӣ: Ғанӣ барои беҳтар кардани зиндагии мардум роҳ меҷӯяд

© AP / Rahmat GulБывший президент Афганистана Ашраф Гани
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
Бародари раисҷумҳури фирории Афғонистон гуфтааст, Ғанӣ бо касе иртибот надорад, танҳо барои беҳбуди зиндагии мардум роҳ меҷӯяд
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ҳашмат Ғанӣ Аҳмадзай, бародари раҳбари фирории Афғонистон дар сафҳаи худ дар "Твиттер" навиштааст, ки бо бародараш вақтеро сипарӣ карда ва гуфтааст, Ашраф Ғанӣ бо касе, аз ҷумла Муҳиб ва Фазлӣ иртибот надорад.
Аҳмадзай афзуд, бародараш танҳо дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли беҳбуди зиндагии афроди дохили кишвар аст ва дар фикри ҳеҷ як ҳадафи сиёсӣ нест.
Ин навиштаҳои Ҳашмат Ғанӣ дар бораи бародараш дар ҳолест, ки дар робита ба бозгашти Ғанӣ ба сиёсат миёни таҳлилгарони афғонистонӣ сарусадоҳое вуҷуд дорад.
Қаблан рӯзноманигори шинохтаи афғонистонӣ Раззоқи Маъмун дар як барномаи таҳлилияш низ гуфта буд, ки бархе аз чеҳраҳои гузаштаи ҳукумат ва ҳотто аз муборизони кунунӣ бо Ғанӣ дидор доштаанд.
 Ашраф Гани президент Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Суҳбати Ғанӣ дар бораи охирин соатҳои ҳукмронӣ, фирор ва интиқоли пул аз Афғонистон
Ӯ исми ин нафаронро нагуфту эълони асомии онҳоро барои таърих гузошт, ки рӯзе ифшо хоҳад шуд ва таъкид кард, агар инро шаҳрвандон бифаҳманд, дар ҳайрат хоҳанд шуд.
Ғанӣ 15 август дар ҳоле ки толибон дар канораҳои Кобул қарор доштанд, аз Афғонистон фирор кард.
Ӯ далели тарки кишвар карданашро ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар Кобул хонд, аммо бисёре аз сиёсатмадорону шаҳрвандони Афғонистон ин амалашро хиёнат ба халқу Ватан унвон карданд.
Ашраф Ғанӣ дар мавриди охирин соатҳои ҳукуматдорӣ ва тарки Кобул карданаш дар гуфтугӯ бо генерал Ник Картер, раиси Ситоди муштараки артиши Бритониё аз тариқи радиои ВВС гуфт, сабаби асосии рафтанаш пешгирии харобии Кобул буд, зеро аз ду самт толибон ин шаҳрро иҳота карда буданд ва эҳтимоли бархӯрди шадиди харобиовар вуҷуд дошт.
Раҳбари фирории Афғонистон гуфт, маҷбур буд, ки худро қурбон кунад, то Кобулро наҷот диҳад ва бо вазъиятҳои воқеӣ рӯ ба рӯ шавад.
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Ашраф Ғанӣ дар феҳрасти "Фосидтарин фарди сол" қарор гирифт
Ғанӣ дар мавриди қазияи рабудани пулҳои буҷа, ки ба он муттаҳам мешавад, гуфтааст: "Ман таъкид мекунам, ки аз кишвар ҳеҷ пуле хориҷ накардаам. Болгардҳо ва макони аввалини мо дар пеши назари умум намоён буданд".
Ӯ гуфтааст, барои таҳқиқи ин иттиҳомот омодааст, аз ҳар гуна таҷҳизоти дурӯғсанҷ гузарад. Ин роҳбари фирории Афғонистон мегӯяд, ӯро қурбонӣ карданд, ки ба бесарусомонӣ ва буҳрон дар Афғонистон айбдораш намоянд.
Вай гуфт, шарикони байналмилалияш пайваста бар ӯ фишор оварда, салоҳияти ӯро маҳдуд мекарданд. Раисҷумҳури собиқ яке аз сабабҳои ҳаводиси моҳи августро созишномаи нобарори Доҳа ва озодсозии 5000 толиби зиндонӣ гуфт.
Аммо мунтақидони Ғанӣ мегӯяд, муомила ва қавмгароии раисҷумҳур яке аз омилҳои суқути ҳукумати Кобул буд.
Лентаи хабарҳо
0