https://sputnik.tj/20211228/ghani-fosidtarin-fard-sol-1044453931.html
Ашраф Ғанӣ дар феҳрасти "Фосидтарин фарди сол" қарор гирифт
Ашраф Ғанӣ дар феҳрасти "Фосидтарин фарди сол" қарор гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон фасодзадатарин фарди сол эълон шуд 28.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-28T10:11+0500
2021-12-28T10:11+0500
2021-12-28T14:39+0500
афғонистон
фасод
кобул
ашраф ғанӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746672_0:288:3129:2048_1920x0_80_0_0_fb0824913e32ca9a936198a3625267af.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Президенти фирории Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар феҳрасти "Фосидтарин фарди соли 2021" мақоми аввалро гирифтааст.Дар ин бора Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP), ки ба таҳқиқи ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсия муртабит аст, дар гузорише иттилоъ додааст.Ин пажуҳишро як гурӯҳи шашнафараи рӯзноманигорон ва муҳаққиқон анҷом додаанд.Муҳофизи собиқи раисҷумҳур гуфт, сабти фирори Ғанӣ бо миллионҳо долларро дорадДар баробари Ғанӣ дар ин рӯйхат раҳбари Беларус Александр Лукашенко, президенти Сурия Башор Асад, раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва сарвазири Австрия Себастян Курз низ ҳастанд.Дрю Салливан, яке аз муассисони ин тарҳ гуфт, Ашраф Ғанӣ ҳам дар ботлоқи фасод ва ҳам ҳоли нотавонӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, Ғанӣ мардуми худро тарк карда, онҳоро ба бадбахтиву марг вогузор кард, то дар байни мансабдорони фасодзадаи ҳукумати иморат зиндагӣ кунад. Тибқи ин гузориш, Ғанӣ, бешубҳа, сазовори ин "ҷоиза" аст, зеро ӯ ҳам дар фасод ва ҳам дар бесалоҳиятӣ дар Афғонистон саҳм гузоштааст.Қобили зикр аст, ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ, пас аз расидани толибон ба дарвозаҳои Кобул аз Афғонистон фирор кард ва мақомоти ҳукуматаш ӯро дар суқути низоми ин кишвар муттаҳам медонанд."Толибон"* хостори бозгардонии пулҳои дуздидаи Ғанӣ шудҒанӣ пас аз фирор дар иморат паноҳ бурд ва ба гуфтаи мақомоти пешини Афғонистон, раҳбари фирорӣ бо худ садҳо миллион долларро бурд.Аммо Ғанӣ пас аз чанд рӯзи фирор эълон кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар кӯчаҳои Кобул тарки кишвар намуд ва хабарҳои бо худ бурдани миллионҳо долларро рад кард.Лоиҳаи гузоришдии ҷиноятҳои созмонёфта ва коррупсия (OCCRP) соли 2006 таъсис ёфтааст. Он ба унвони як консорсиуми марказҳои тадқиқотӣ, расонаҳо ва рӯзноманигорон фаъолият мекунад, ки Аврупои Шарқӣ, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Амрикои Марказиро фаро мегирад. Ин як созмони гузоришгари тафтишотӣ мебошад, ки ба ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсия тахассус дорад.
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746672_199:0:2930:2048_1920x0_80_0_0_9b498cd5bb2d915c49617495194cdb3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, фасод, кобул, ашраф ғанӣ
афғонистон, фасод, кобул, ашраф ғанӣ
Ашраф Ғанӣ дар феҳрасти "Фосидтарин фарди сол" қарор гирифт
10:11 28.12.2021 (Навсозишуда: 14:39 28.12.2021) Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон фасодзадатарин фарди сол эълон шуд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Президенти фирории Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар феҳрасти "Фосидтарин фарди соли 2021" мақоми аввалро гирифтааст.
Дар ин бора Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP), ки ба таҳқиқи ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсия муртабит аст, дар гузорише иттилоъ додааст.
Ин пажуҳишро як гурӯҳи шашнафараи рӯзноманигорон ва муҳаққиқон анҷом додаанд.
Дар баробари Ғанӣ дар ин рӯйхат раҳбари Беларус Александр Лукашенко, президенти Сурия Башор Асад, раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва сарвазири Австрия Себастян Курз низ ҳастанд.
Дрю Салливан, яке аз муассисони ин тарҳ гуфт, Ашраф Ғанӣ ҳам дар ботлоқи фасод ва ҳам ҳоли нотавонӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, Ғанӣ мардуми худро тарк карда, онҳоро ба бадбахтиву марг вогузор кард, то дар байни мансабдорони фасодзадаи ҳукумати иморат зиндагӣ кунад.
Тибқи ин гузориш, Ғанӣ, бешубҳа, сазовори ин "ҷоиза" аст, зеро ӯ ҳам дар фасод ва ҳам дар бесалоҳиятӣ дар Афғонистон саҳм гузоштааст.
Қобили зикр аст, ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ, пас аз расидани толибон ба дарвозаҳои Кобул аз Афғонистон фирор кард ва мақомоти ҳукуматаш ӯро дар суқути низоми ин кишвар муттаҳам медонанд.
Ғанӣ пас аз фирор дар иморат паноҳ бурд ва ба гуфтаи мақомоти пешини Афғонистон, раҳбари фирорӣ бо худ садҳо миллион долларро бурд.
Аммо Ғанӣ пас аз чанд рӯзи фирор эълон кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар кӯчаҳои Кобул тарки кишвар намуд ва хабарҳои бо худ бурдани миллионҳо долларро рад кард.
Лоиҳаи гузоришдии ҷиноятҳои созмонёфта ва коррупсия (OCCRP) соли 2006 таъсис ёфтааст.
Он ба унвони як консорсиуми марказҳои тадқиқотӣ, расонаҳо ва рӯзноманигорон фаъолият мекунад, ки Аврупои Шарқӣ, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Амрикои Марказиро фаро мегирад. Ин як созмони гузоришгари тафтишотӣ мебошад, ки ба ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсия тахассус дорад.