https://sputnik.tj/20220204/jalbi-muhojiron-osiyoi-miyona-kishovarzi-rusiya-1045510039.html
Ҷалби бештари муҳоҷирон аз Осиёи Миёна ба бахши кишоварзии Русия
Ҷалби бештари муҳоҷирон аз Осиёи Миёна ба бахши кишоварзии Русия
Sputnik Тоҷикистон
Дар бахши кишоварзии Русия талабот ба коргарон аз кишварҳои хориҷи наздик барои ҷалби онҳо ба корҳои мавсимӣ боқӣ мондааст
2022-02-04T19:20+0500
2022-02-04T19:20+0500
2022-02-04T20:04+0500
дар русия
ҷалб
муҳоҷират
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0f/1038484443_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_809d5bc181e17fc8cc130b66cd8a6a16.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Бахши кишоварзии Русия то ҳол ба муҳоҷирон барои корҳои мавсимӣ ниёз дорад, иттилоъ дод РИА "Новости” дар истинод ба пурсише аз теъдоде аз раҳбарони иттиҳодияҳои ин соҳа.Талаботи бахши кишоварзии Русия барои кори мавсимӣ, ки аксаран аз ҳисоби муҳоҷирони кишварҳои хориҷи наздик қонеъ карда мешавад, имсол ҳам зиёд аст.Ба гуфтаи роҳбарони корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ, дар бахши агросаноатӣ камбуди кадрҳоро эҳсос намешавад ва хароҷот барои ҷалби коргарон метавонад афзоиш ёбад.Бо норасоии коргарони хориҷӣ деҳқонони рус 2 сол пеш, дар даврони сар задани пандемия рӯ ба рӯ шуданд.Сипас, дар авҷи паҳншавии бемории COVID-19 Русия барои вуруд шудани муҳоҷирон ба ин кишвар маҳдудият ҷорӣ кард. Ин маҳдудият пеш аз ҳама ба коргарони мавсимии ҷумҳурҳои Осиёи Миёна, ки одатан дар авҷи ҷамъоварии ҳосил вориди Русия мешуданд, таъсир расонд.Ин масъала бо кумаки Ситоди сареи Вазорати кишоварзии Русия дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнати Русия ҳаллӣ худро пайдо кард.Дар соли 2021 ба чаҳорчӯби меъёрӣ ислоҳот ворид карда шуд, то ба танзими вуруди муҳоҷирон мусоидат кунад."Дар ҳоли ҳозир маҳдудияти вуруд аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон ва як қатор кишварҳои дигар бардошта шудааст", - гуфта мешавад дар иттилои вазорат.Вазорати кишоварзии Русия барои ҷалби шаҳрвандони ин кишвар ба кор дар корхонаҳои кишоварзӣ ба Ӯзбекистон дархост ирсол кардааст. Мақомоти ин ҷумҳурӣ омодаанд, дархостҳоро баррасӣ кунанд, гуфт намояндаи Агентии муҳоҷирати меҳнати хориҷии назди Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон.
https://sputnik.tj/20220131/afzoish-sodirot-mahsulot-kishovarzi-tojikiston-1045357355.html
https://sputnik.tj/20211126/tojikiston-kishovarzi-sarmoyaguzori-1043772853.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0f/1038484443_271:0:3002:2048_1920x0_80_0_0_2897f279159f33966e554b23d70b4a41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, ҷалб, кори мавсимӣ, кишварҳои хориҷи наздик
русия, муҳоҷират, ҷалб, кори мавсимӣ, кишварҳои хориҷи наздик
Ҷалби бештари муҳоҷирон аз Осиёи Миёна ба бахши кишоварзии Русия
19:20 04.02.2022 (Навсозишуда: 20:04 04.02.2022) Дар бахши кишоварзии Русия талабот ба коргарон аз кишварҳои хориҷи наздик зиёд аст ва барои ҷалби онҳо ба корҳои мавсимӣ талош мешавад
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Бахши кишоварзии Русия то ҳол ба муҳоҷирон барои корҳои мавсимӣ ниёз дорад, иттилоъ дод РИА "Новости” дар истинод ба пурсише аз теъдоде аз раҳбарони иттиҳодияҳои ин соҳа.
Талаботи бахши кишоварзии Русия барои кори мавсимӣ, ки аксаран аз ҳисоби муҳоҷирони кишварҳои хориҷи наздик қонеъ карда мешавад, имсол ҳам зиёд аст.
Ба гуфтаи роҳбарони корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ, дар бахши агросаноатӣ камбуди кадрҳоро эҳсос намешавад ва хароҷот барои ҷалби коргарон метавонад афзоиш ёбад.
Бо норасоии коргарони хориҷӣ деҳқонони рус 2 сол пеш, дар даврони сар задани пандемия рӯ ба рӯ шуданд.
Сипас, дар авҷи паҳншавии бемории COVID-19 Русия барои вуруд шудани муҳоҷирон ба ин кишвар маҳдудият ҷорӣ кард. Ин маҳдудият пеш аз ҳама ба коргарони мавсимии ҷумҳурҳои Осиёи Миёна, ки одатан дар авҷи ҷамъоварии ҳосил вориди Русия мешуданд, таъсир расонд.
Ин масъала бо кумаки Ситоди сареи Вазорати кишоварзии Русия дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнати Русия ҳаллӣ худро пайдо кард.
"Барои ҷалби коргарони хориҷӣ ба бахши кишоварзӣ тадбирҳо андешида шуданд. Ин имкон дод, ки корҳои мавсимӣ дар саҳро дар реҷаи муқаррарӣ анҷом ёфта, суръати истеҳсолот нигоҳ дошта шавад", - ёдовар шуданд дар Вазорати кишоварзӣ.
Дар соли 2021 ба чаҳорчӯби меъёрӣ ислоҳот ворид карда шуд, то ба танзими вуруди муҳоҷирон мусоидат кунад.
"Дар ҳоли ҳозир маҳдудияти вуруд аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон ва як қатор кишварҳои дигар бардошта шудааст", - гуфта мешавад дар иттилои вазорат.
Вазорати кишоварзии Русия барои ҷалби шаҳрвандони ин кишвар ба кор дар корхонаҳои кишоварзӣ ба Ӯзбекистон дархост ирсол кардааст. Мақомоти ин ҷумҳурӣ омодаанд, дархостҳоро баррасӣ кунанд, гуфт намояндаи Агентии муҳоҷирати меҳнати хориҷии назди Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон.