https://sputnik.tj/20211126/tojikiston-kishovarzi-sarmoyaguzori-1043772853.html
Тоҷикистон барои рушди кишоварзӣ сармоягузорҳои нав меҷӯяд
Тоҷикистон барои рушди кишоварзӣ сармоягузорҳои нав меҷӯяд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳе дар Туркия таҷрибаи шарикони хориҷиро дар соҳаи кишоварзӣ меомӯзад
2021-11-26T11:10+0500
2021-11-26T11:10+0500
2021-11-26T16:50+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сармоягузорӣ
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031914844_0:172:3076:1902_1920x0_80_0_0_d5b0089aa0be8173bd9cc657ef43aebf.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Тоҷикистон дар 20-умин Намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти гармхонаҳо, кишоварзӣ ва чорводории “Growtech-2021” дар Анталия ширкат мекунад. Ин намоиш дар Туркия аз 24 ноябр оғоз гардида, то фардо идома хоҳад кард. Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии мудири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов барои ширкат ба ин намоишгоҳ рафтааст.Ба Анталия намояндагони зиёда аз 600 ширкат аз 40 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо ҳазор меҳмон аз 130 кишвар омадаанд. Дар доираи намоиш дар бораи масъалаҳои боғу токдорӣ ва хоҷагии деҳот семинару маҷлисҳо гузаронда мешавад. Талоши содироти "Аштак", хушкмеваи хоси Тоҷикистон ба АврупоМутахассисони тоҷик тасмим гирифтаанд, ки бо ширкатҳои хориҷӣ тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодиро баррасӣ карда, шарикони нав ва сармоягузоронро пайдо кунанд. Ба роҳ мондани содироти молу маҳсулот, ошноӣ бо технологияҳои навтарини ҷаҳонӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ як масъалаи мубрам барои Тоҷикистон мебошад.
https://sputnik.tj/20210622/bj-rushd-kishovarzi-tojikiston-dollar-1040358464.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031914844_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_e81fcd0fcbc16239e33223a172bf66ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон рушди кишоварзӣ сармоягузор нав
тоҷикистон рушди кишоварзӣ сармоягузор нав
Тоҷикистон барои рушди кишоварзӣ сармоягузорҳои нав меҷӯяд
11:10 26.11.2021 (Навсозишуда: 16:50 26.11.2021) Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳе дар Туркия таҷрибаи шарикони хориҷиро дар соҳаи кишоварзӣ меомӯзад
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Тоҷикистон дар 20-умин Намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти гармхонаҳо, кишоварзӣ ва чорводории “Growtech-2021” дар Анталия ширкат мекунад.
Ин намоиш дар Туркия аз 24 ноябр оғоз гардида, то фардо идома хоҳад кард.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии мудири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов барои ширкат ба ин намоишгоҳ рафтааст.
Ба Анталия намояндагони зиёда аз 600 ширкат аз 40 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо ҳазор меҳмон аз 130 кишвар омадаанд.
Дар доираи намоиш дар бораи масъалаҳои боғу токдорӣ ва хоҷагии деҳот семинару маҷлисҳо гузаронда мешавад.
Мутахассисони тоҷик тасмим гирифтаанд, ки бо ширкатҳои хориҷӣ тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодиро баррасӣ карда, шарикони нав ва сармоягузоронро пайдо кунанд.
Ба роҳ мондани содироти молу маҳсулот, ошноӣ бо технологияҳои навтарини ҷаҳонӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ як масъалаи мубрам барои Тоҷикистон мебошад.