Ифтитоҳи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон аз ифтитоҳи магистратураи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон хабар дод
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Абдухалил Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон гуфт, бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, пурқувват кардани иқтидори ҳайати кадрии хидматчиёни давлатӣ ва таҳқиқу омӯзиш Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар асоси розигӣ ва дастгирии раисҷумҳури Тоҷикистон дар заминаи академия магистратураи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро таъсис дод.
Дар ин бора сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар додааст.
Ҳамзамон ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури кадрҳо Олимшо Меҳрӣ қайд кардааст, ки Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон арзандаи омӯзиш мебошад.
Вай гуфт, зарур аст, ки хидматчиёни давлатӣ таҷрибаи бузурги давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро омӯзанд.
Пресс-конференция Антимонопольной службы Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
"Бори аввал мешунавам": Муминзод дар бораи гароншавии "пули моҳ" дар мактаб
Қайд мешавад, ки дар соли 2022 ба шуъбаи магистратураи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон 46 магистр аз рӯйи ихтисосҳои идораи давлатӣ, сиёсати хориҷӣ ва дипломатия дохил шудааст.
Ёдовар мешавем, магистратураи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ифтитоҳ ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0