"Бори аввал мешунавам": Муминзод дар бораи гароншавии "пули моҳ" дар мактаб

© Sputnik / Амир ИсаевПресс-конференция Антимонопольной службы Таджикистана
Пресс-конференция Антимонопольной службы Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
Ба гуфтаи рӯзноманигорони тоҷик, "пули моҳ" дар литсейҳо ва гимназияҳои шаҳри Душанбе 100% гарон шудааст. Хадамоти зиддиинҳисорӣ чӣ посух дод?
ДУШАНБЕ,1 фев — Sputnik. Абдулмаҷид Муминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи 100 дарсад гарон шудани пули моҳ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бори аввал мешунавад.

"Бори аввал мешунавам, ки дар мактабҳо 100 дарсад пули моҳ гарон шуда бошад", - гуфт Муминзод.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли таҳсили 2022-2023 барои тамоми муассисаҳои соҳаи маориф маблағи пардохти ҳармоҳа бетағйир мемонад. Ӯ афзуд, ки ин фармоиш ба ҳамаи муассисаҳо равон карда шудааст ва ҳамагӣ аз он огоҳ ҳастанд.

"Аз соли гузашта ҳам ҳамин мавқеъро гуфта будем, ки новобаста аз он ки соҳаи маориф хароҷотро чӣ қадар пешниҳод мекунад, мо нархномаро аз 8 то 10 фоиз беш гарон накардаем", - гуфт Муминзод.

Ба гуфти Муминзод, сохторҳои маҳаллии Хадамоти зидидинҳосрӣ дар тобеияти дастгоҳи марказӣ нест ва онҳо аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ озод ва таъйин мешаванд.
"Баъзе корҳое мешаванд, ки дар дастгоҳи марказӣ мумкин дарак намеёбанд", - гуфт раис ва ваъда дод, ки ин масъала омӯхта мешавад.
Ӯ аз рӯзноманигорон ва аз мардум даъват кард, ки дар сурати ҷой доштани чунин ҳодисаҳо ба дастгоҳи марказии Хадамоти зиддинҳисорӣ муроҷиат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0