Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб беш аз 74 миллион сомонӣ даромад гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевПосадка пассажиров в самолет, архивное фото
Посадка пассажиров в самолет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Обуна шудан
Роҳбари ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” гуфт, дар соли гузашта фурудгоҳ аз хизматрасониҳояш даромади хуб ба даст овардааст
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Нуралӣ Ҳомидзода, роҳбари ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли сипаришуда фурудгоҳ ба 232 ҳазору 656 нафар мусофир хидмат расонидааст.
Вай афзуд, шумори мусофирон нисбат ба соли гузашта 205 ҳазору 460 нафар зиёд мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, аз тариқи фурудгоҳ дар як ҳафта 19 парвоз ба хатсайрҳои муайяншуда анҷом меёбад.
Инчунин вай қайд кард, ки соли гузашта 351 парвози мунтазам ва 692 парвози чартерӣ сурат гирифтааст.
Самолет авиакомпании Nordwind - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Боз як ширкати ҳавопаймоии Русия парвоз ба Душанберо оғоз кард
Ҳамчунин вай зикр кард, ки дар соли гузашта даромади фурудгоҳ 102 миллиону 875 ҳазору 100 сомонӣ ва хароҷот 28 миллиону 321 ҳазору 251 сомониро ташкил додааст.

“Дар натиҷа фурудгоҳ 74 миллиону 553 ҳазору 849 сомонӣ фоида ба даст овард”, - хабар дод Нуралӣ Ҳомидзода.

Ҳамчунин аз ҷониби масъулони Хадамоти бехатарии авиатсионӣ 185 нафар бо гумони вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт ва 35 нафар ба шуъбаи корҳои дохилӣ супурда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0