https://sputnik.tj/20220119/s7-musofiron-tojik-jarima-1044944270.html
Ширкати ҳавопаймоии S7 ба далели ташхиси ПСР надоштани мусофирони тоҷикаш ҷарима шуд
Ширкати ҳавопаймоии S7 ба далели ташхиси ПСР надоштани мусофирони тоҷикаш ҷарима шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" аз ҷониби Роспотребнадзор дар вилояти Нижний Новгород барои интиқоли нодурусти мусофирон ҷарима шуд
2022-01-19T16:10+0500
2022-01-19T16:10+0500
2022-01-19T19:30+0500
ширкати мисрии ҳавопаймоӣ
ҷарима
парвоз
нақлиёт
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044940983_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_7183cb0bbea8982ddce62fa164b9190c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии S7, ки ҳоло аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия теъдоди зиёди парвозҳои мунтазамро анҷом медиҳад, барои интиқоли нодурусти мусофирон ҷарима шуд, хабар медиҳад "НТА-Приволжье". Маълум шуд, ки шуъбаи "Роспотребнадзор" дар вилояти Нижний Новгород "Сибир" -ро барои интиқоли мусофирон бидуни ташхиси ПСР аз Тоҷикистон ҷарима кардааст. Гузашта аз ин барои ворид шудан ба ҳама гуна парвозҳо ба Федератсияи Русия аз Тоҷикистон шаҳодатномаи мавҷуд набудани коронавирус дар байни мусофирон дархост мешавад. Ҳоло мувофиқи қисми 1-и моддаи 144-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия, ширкати ҳавопаймоии "Сибир" бояд 20 ҳазор рубл ҷарима пардохт кунад. Ҷузъиёти нишасти изтирории ҳавопаймои S7 барои як тоҷикистонӣДар ҳамин ҳол ширкат ба ин қарор розӣ нест. Бо вуҷуди ин пас аз чанд марҳилаи додгоҳӣ, қарори ҷарима аз тарафи "Роспотребнадзор" дар Додгоҳи ҳафтуми таҷдиди назар бетағйир боқӣ гузошта шуд.
https://sputnik.tj/20220119/qimat-bilet--rusiya-kohish-jalasa-iztirori-1044940821.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044940983_275:0:3006:2048_1920x0_80_0_0_a9d261c1ff774f8017a104d8961b09b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ширкати ҳавопаймоӣ, s7, мусофирони тоҷик,
ширкати ҳавопаймоӣ, s7, мусофирони тоҷик,
Ширкати ҳавопаймоии S7 ба далели ташхиси ПСР надоштани мусофирони тоҷикаш ҷарима шуд
16:10 19.01.2022 (Навсозишуда: 19:30 19.01.2022) Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" аз ҷониби "Роспотребнадзор" дар вилояти Нижний Новгород барои интиқоли нодурусти мусофирон ҷарима шуд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии S7, ки ҳоло аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия теъдоди зиёди парвозҳои мунтазамро анҷом медиҳад, барои интиқоли нодурусти мусофирон ҷарима шуд, хабар медиҳад "НТА-Приволжье".
Маълум шуд, ки шуъбаи "Роспотребнадзор" дар вилояти Нижний Новгород "Сибир" -ро барои интиқоли мусофирон бидуни ташхиси ПСР аз Тоҷикистон ҷарима кардааст.
"Ҳангоми назорати санитарию карантинӣ дар парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Сибир" шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни ташхиси ПСР барои COVID-19 шиносоӣ шуданд", — омадааст дар хабар.
Гузашта аз ин барои ворид шудан ба ҳама гуна парвозҳо ба Федератсияи Русия аз Тоҷикистон шаҳодатномаи мавҷуд набудани коронавирус дар байни мусофирон дархост мешавад.
Ҳоло мувофиқи қисми 1-и моддаи 144-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия, ширкати ҳавопаймоии "Сибир" бояд 20 ҳазор рубл ҷарима пардохт кунад.
Дар ҳамин ҳол ширкат ба ин қарор розӣ нест. Бо вуҷуди ин пас аз чанд марҳилаи додгоҳӣ, қарори ҷарима аз тарафи "Роспотребнадзор" дар Додгоҳи ҳафтуми таҷдиди назар бетағйир боқӣ гузошта шуд.