https://sputnik.tj/20220203/rahmon-ozmuni-furughi-subhi-donoi-kitob-fond-1045462974.html
Раҳмон барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз фондаш се миллион сомонӣ ҷудо кард
Раҳмон барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз фондаш се миллион сомонӣ ҷудо кард
Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз фондаш се миллион сомонӣ ҷудо кард
2022-02-03T18:35+0500
2022-02-03T18:35+0500
2022-02-03T18:35+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
озмун
маблағ
пул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044997194_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_10946726380dff47f116203a0bd40cfc.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар, амри Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2022 ба имзо расидааст.Дар амри раисҷумҳур гуфта шудааст, ки низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тасдиқ шавад.Ҳамзамон раисҷумҳур таъкид кардааст, ки вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд барпо гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.“ Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмун ва омӯзгорону падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоиза шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд”, - таъкид кардааст раисҷумҳур.Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи Тоҷикистон дастур додааст, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон, ки барои соли 2022 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон барои амалӣ намудани чорабинии мазкур 3 045 000 (се миллиону чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақдӣ ҷудо намояд.Раисҷумҳур қайд кардаааст, ки Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аз истифодаи маблағи ҷудошуда ба Вазорати молияи Тоҷикистон ҳисобот хоҳад дод.Назорати иҷрои амри Эмомалӣ Раҳмон ба зиммаи муовини сарвазири Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) вогузор шудааст.
https://sputnik.tj/20220203/emomali-rahmon-ba-chin-raft-1045462253.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044997194_124:0:1937:1360_1920x0_80_0_0_b156398a37e6bfaed6d95d137c29d936.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, амр, озмун, "фуруғи субҳи доноӣ кито аст", фонд, маблағ
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, амр, озмун, "фуруғи субҳи доноӣ кито аст", фонд, маблағ
Раҳмон барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз фондаш се миллион сомонӣ ҷудо кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз фондаш се миллион сомонӣ ҷудо кард
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар, амри Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2022 ба имзо расидааст.
Дар амри раисҷумҳур гуфта шудааст, ки низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тасдиқ шавад.
Ҳамзамон раисҷумҳур таъкид кардааст, ки вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд барпо гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
“ Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмун ва омӯзгорону падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоиза шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд”, - таъкид кардааст раисҷумҳур.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи Тоҷикистон дастур додааст, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон, ки барои соли 2022 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон барои амалӣ намудани чорабинии мазкур 3 045 000 (се миллиону чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақдӣ ҷудо намояд.
Раисҷумҳур қайд кардаааст, ки Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аз истифодаи маблағи ҷудошуда ба Вазорати молияи Тоҷикистон ҳисобот хоҳад дод.
Назорати иҷрои амри Эмомалӣ Раҳмон ба зиммаи муовини сарвазири Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) вогузор шудааст.