Эмомалӣ Раҳмон ба Чин рафт

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкЭмомали Рахмон, архивное фото
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати ҳамтои чинияш ба Пекин рафт
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Гуфта мешавад, ин сафар бо даъвати раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон (справа) и председатель КНР Си Цзиньпин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Даъвати Ҷинпин аз Эмомалӣ Раҳмон барои боздид аз Чин
Дар баробари раисҷумҳури Тоҷикстон ба ин кишвар ҳамзамон сарони беш аз 20 давлати ҷаҳон даъват шудаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки роҳбари Чин аз раисҷумҳури Тоҷикистон даъват намудааст, ки моҳи феврали соли равон меҳмонаш шавад.
Тоҷикистон дар олимпиадаи Пекин ширкат намекунад: шарҳи кумита
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, ҳоккей ва ғайра дар назар аст.
Дар ин мусобиқот ягон варзишгари тоҷик ба далели надоштани роҳхат ширкат нахоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0