https://sputnik.tj/20220203/omor-koronavirus-tojikiston-1045435870.html
Эълони омори ахири гирифторӣ ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон
Эълони омори ахири гирифторӣ ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазъи бемории COVID-19 дар кишвар нисбат ба рӯзҳои аввали бозгашти дигарбораи беморӣ дар ҳоли беҳ шудан аст
2022-02-03T07:00+0500
2022-02-03T07:00+0500
2022-02-03T12:03+0500
коронавирус
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/03/1043908655_0:0:3149:1771_1920x0_80_0_0_16bda378f2e0b41dc4da8e24b1d4568a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тайи шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 5 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус қайд шудааст. Дар ин бора омори нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.Ҳамчунин дар як рӯзи охир дар кишвар 11 тан аз ин маризӣ шифо ёфтаву бар асари сироят ба ин вирус ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.Умуман аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17331 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба сабт шудааст.Дар даврони пандемия аз ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17168 нафар сокини ҷумҳурӣ шифо ёфтааст.Қобили зикр аст, ки теъдоди гирифторони COVID-19 дар кишвар нисбат ба чанд рӯзи қаблӣ коҳиш ёфтааст.Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикронии COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.Ин ниҳод ахиран дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон иттилои дақиқе дар даст надоранд.Манбаи мазкур гуфт, ин беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ моякӯбӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20220202/tojikiston-covid-waksinzani-1045414061.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/03/1043908655_418:0:3149:2048_1920x0_80_0_0_19976a07d1f1bdc667581f7d8ef20040.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омори коронавирус тоҷикистон
омори коронавирус тоҷикистон
Эълони омори ахири гирифторӣ ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон
07:00 03.02.2022 (Навсозишуда: 12:03 03.02.2022) Вазъи кишвар дар робита ба COVID-19 нисбат ба рӯзҳои аввали бозгашти дигарбораи ин беморӣ дар ҳоли беҳтар шудан аст
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тайи шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 5 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус қайд шудааст. Дар ин бора омори нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳамчунин дар як рӯзи охир дар кишвар 11 тан аз ин маризӣ шифо ёфтаву бар асари сироят ба ин вирус ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.
Умуман аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17331 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба сабт шудааст.
Дар даврони пандемия аз ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17168 нафар сокини ҷумҳурӣ шифо ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки теъдоди гирифторони COVID-19 дар кишвар нисбат ба чанд рӯзи қаблӣ коҳиш ёфтааст.
Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикронии COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.
Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Ин ниҳод ахиран дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон иттилои дақиқе дар даст надоранд.
Манбаи мазкур гуфт, ин беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ моякӯбӣ мебошад.