https://sputnik.tj/20220202/tojikiston-covid-waksinzani-1045414061.html
Чанд фисади аҳолии Тоҷикистон аз COVID - 19 эмин шуд: омори нав
Чанд фисади аҳолии Тоҷикистон аз COVID - 19 эмин шуд: омори нав
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори эмгузаронӣ дар ҷумҳуриро нашр кард
2022-02-02T14:15+0500
2022-02-02T14:15+0500
2022-02-18T19:27+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
эмгузаронӣ
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044690969_0:331:3053:2048_1920x0_80_0_0_7aa60d6c998acefab2fb5d5d7a9f65b1.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 4,5 миллион нафар аз аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ зидди коронавирус моякӯбӣ шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар гузориш медиҳад.Ҳамин тариқ то 1 феврали соли 2022 4 миллиону 594 ҳазору 703 нафар бар зидди коронавирус моякӯбӣ шуд, ки 79,7 фоизи аҳолии калонсоли ҷумҳуриро ташкил медиҳад.Вояи дуюми ваксинаро 3 миллиону 902 ҳазору 269 нафар ё 67,73 фоизи аҳолӣ гирифтааст.Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон аллакай эмкунии такрорӣ алайҳи коронавирус оғоз шудааст.Гирифтани вояи сеюми ваксина аз кормандони соҳаи тиб оғоз шуд.То кунун тақрибан 2,3 ҳазор табиб алайҳи коронавирус вояи сеюмро гирифтааст. Пас аз табибон шаҳрвандони аз 60-сола боло, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи иловагии дору барои COVID-19 фаро гирифта мешаванд.Раисҷумҳури кишвар низ дар ҷаласаи ахири ҳукуматӣ бо ишора ба мавҷи нави бемории сироятии корона супориш дод, ки раванди бо ваксина фаро гирифтани гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ вусъат дода шавад.Ёдовар мешавем, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии таҳкими чораҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аз 3 июли соли 20221 дар Тоҷикистон эмгузаронии зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола ҳатмӣ гардид.Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон дар чорчӯби механизми ҷаҳонии COVAX ва дар шакли кумаки башардӯстона беш аз 9 миллион ваксинаи зидди COVID-19 ворид шудааст.Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистон аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.
https://sputnik.tj/20220115/aloi-tojikictoniyon-omikron-karantin-1044842342.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044690969_110:0:2841:2048_1920x0_80_0_0_099f0e250479b1a33b17f996a7e0f3f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳолӣ,тоҷикистон, covid - 19, эмин, моякӯбӣ
аҳолӣ,тоҷикистон, covid - 19, эмин, моякӯбӣ
Чанд фисади аҳолии Тоҷикистон аз COVID - 19 эмин шуд: омори нав
14:15 02.02.2022 (Навсозишуда: 19:27 18.02.2022) Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори эмгузаронӣ дар ҷумҳуриро нашр кард
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 4,5 миллион нафар аз аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ зидди коронавирус моякӯбӣ шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар гузориш медиҳад.
Ҳамин тариқ то 1 феврали соли 2022 4 миллиону 594 ҳазору 703 нафар бар зидди коронавирус моякӯбӣ шуд, ки 79,7 фоизи аҳолии калонсоли ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Вояи дуюми ваксинаро 3 миллиону 902 ҳазору 269 нафар ё 67,73 фоизи аҳолӣ гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон аллакай эмкунии такрорӣ алайҳи коронавирус оғоз шудааст.
Гирифтани вояи сеюми ваксина аз кормандони соҳаи тиб оғоз шуд.
То кунун тақрибан 2,3 ҳазор табиб алайҳи коронавирус вояи сеюмро гирифтааст. Пас аз табибон шаҳрвандони аз 60-сола боло, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи иловагии дору барои COVID-19 фаро гирифта мешаванд.
Раисҷумҳури кишвар низ дар ҷаласаи ахири ҳукуматӣ бо ишора ба мавҷи нави бемории сироятии корона супориш дод, ки раванди бо ваксина фаро гирифтани гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ вусъат дода шавад.
Ёдовар мешавем, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии таҳкими чораҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аз 3 июли соли 20221 дар Тоҷикистон эмгузаронии зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола ҳатмӣ гардид.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон дар чорчӯби механизми ҷаҳонии COVAX ва дар шакли кумаки башардӯстона беш аз 9 миллион ваксинаи зидди COVID-19 ворид шудааст.
Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистон аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.