Омодагии Аврупо барои расонидани кумаки техникӣ вазорати меҳнат

© Министерство труда и занятости РТВстреча министра труда РТ Ширин Амонзода с представителем ЕС в РТ
Встреча министра труда РТ Ширин Амонзода с представителем ЕС в РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
Тоҷикистону Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо барои мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва тарҳрезии барномаҳои муштарак ҷаласаи Гурӯҳи корӣ бо шумули масъулини ҳар ду тараф баргузор хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ахиран дар Душанбе мулоқоти Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Мерилин Йосефсон, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ намуданд.
Ширин Амонзода зимни мулоқот қайд кардааст, ки бо мақсади ташкил ва таъсиси инфрасохтори муосири рақамӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ, интихоби касб, рушди салоҳияти хонандагон бо истифода аз зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ бо ТҶ "TajRupt" ва бо ҶДММ “Сармояи рақамӣ” санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд ва то охири сол лоиҳаи Барномаи роҳбаладии ҷавонони маъюб ба таҳсилоти касбӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия карда мешавад.
Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Аврупо ба Тоҷикистон беш аз 90 миллион евро ҷудо мекунад: ба куҷо сарф мешавад?
Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар навбати худ омодагии Аврупоро дар самти дастгирии ҷавонони берун аз таҳсил қарордошта изҳор намуда, қайд кард, ки имкониятҳоро ҷиҳати мусоидат намудан дар рушди соҳа муайян намоянд.
Вазир бо ибрози самтҳои афзалиятноки соҳа, аз ҷумла ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъсиси корхонаҳои хурд барои ҷавонон ва занон, махсусан дар деҳот, таҷрибаомӯзии хонандагон, омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ дар кишварҳои пешрафта барои омӯхтани малакаҳои касбии муосир, ташкили курсҳои омӯзишӣ аз рӯи ихтисосҳои муосир ибрози андеша кард.
“Дар фарҷоми мулоқот роҳбари Намоядагии Иттиҳоди Аврупо бори дигар омодагии худро ҷиҳати расонидани кумаки техникӣ ба вазорат баён намуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории ҷонибҳо ва тарҳрезии барномаҳои муштарак ҷаласаи Гурӯҳи корӣ бо шумули масъулини ҳар ду тараф баргузор карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0