https://sputnik.tj/20211123/avrupo-tojikiston-million-evro-judo-1043718300.html
Аврупо ба Тоҷикистон беш аз 90 миллион евро ҷудо мекунад: ба куҷо сарф мешавад?
Аврупо ба Тоҷикистон беш аз 90 миллион евро ҷудо мекунад: ба куҷо сарф мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Аврупо нақша доранд, ки ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат роҳандозӣ кунанд
2021-11-23T18:00+0500
2021-11-23T18:00+0500
2021-11-23T18:50+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
иқтисод
ҳамкорӣ
иттиҳоди аврупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101472/82/1014728220_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_d55db1d371f1d0fc76bfa263c3c076a7.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон беш аз 90 миллион евро ҷудо мекунад. Дар ин бора Ҷатта Урпилайнен, комиссари Иттиҳодияи Аврупо дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ дар як нишасти хабарӣ дар пайи мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи вай, ин маблағ барои рушди ҳамкориҳои байни давлатҳо равона хоҳад шуд. Вай таъкид кард, Иттиҳодияи Аврупо пас аз арзёбии баррасиҳои миёнамуҳлат дар соли 2024 ин маблағро солҳои 2025-2027 пурра хоҳад кард. Иттиҳодияи Аврупо бо Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисоди фарогири рақамӣ ва сабз, рушди инсонӣ, захираҳои табиӣ, идоракунии устувор ҳамкорӣ хоҳад кард. Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо бидуни эътирофи машруияти толибон ба мардуми Афғонистон кумак хоҳад кард. Маблағи кумак, ки аз чанд ҷузъ иборат аст, як миллиард евроро ташкил медиҳад ва он барои дастгирии на танҳо Афғонистон, балки кишварҳои ҳамсояро низ шомил мешавад.Ёдовар мешавем, Урпилайнен ва Ҷозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ барои ширкат дар нишасти ҳабдаҳуми сарони вазоратҳои умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо вориди Душанбе шуданд. Онҳо ҳамчунин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дидору гуфтугӯҳо анҷом доданд. Илова бар ин намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ният доранд, ки аз НБО "Норак" дидан кунанд.
https://sputnik.tj/20211123/rahmon-namoyanda-ia-amniyat-barrasi-1043704464.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101472/82/1014728220_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_22dc395e9af7a5dd069117a8869ef970.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аврупо тоҷикистон евро иқтисод
аврупо тоҷикистон евро иқтисод
Аврупо ба Тоҷикистон беш аз 90 миллион евро ҷудо мекунад: ба куҷо сарф мешавад?
18:00 23.11.2021 (Навсозишуда: 18:50 23.11.2021) Тоҷикистон ва Аврупо нақша доранд, ки ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат роҳандозӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон беш аз 90 миллион евро ҷудо мекунад. Дар ин бора Ҷатта Урпилайнен, комиссари Иттиҳодияи Аврупо дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ дар як нишасти хабарӣ дар пайи мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, ин маблағ барои рушди ҳамкориҳои байни давлатҳо равона хоҳад шуд.
"Бастаи ҳамкориҳои дуҷонибаи мо бо Тоҷикистон барои чаҳор соли оянда 91 миллион евроро ташкил медиҳад", - гуфт Урпилайнен.
Вай таъкид кард, Иттиҳодияи Аврупо пас аз арзёбии баррасиҳои миёнамуҳлат дар соли 2024 ин маблағро солҳои 2025-2027 пурра хоҳад кард.
Иттиҳодияи Аврупо бо Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисоди фарогири рақамӣ ва сабз, рушди инсонӣ, захираҳои табиӣ, идоракунии устувор ҳамкорӣ хоҳад кард.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо бидуни эътирофи машруияти толибон ба мардуми Афғонистон кумак хоҳад кард.
Маблағи кумак, ки аз чанд ҷузъ иборат аст, як миллиард евроро ташкил медиҳад ва он барои дастгирии на танҳо Афғонистон, балки кишварҳои ҳамсояро низ шомил мешавад.
Ёдовар мешавем, Урпилайнен ва Ҷозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ барои ширкат дар нишасти ҳабдаҳуми сарони вазоратҳои умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо вориди Душанбе шуданд.
Онҳо ҳамчунин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дидору гуфтугӯҳо анҷом доданд. Илова бар ин намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ният доранд, ки аз НБО "Норак" дидан кунанд.