Дар шаҳри Хоруғ бонки нав ба кор даромад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкРабота за компьютером. Клавиатура
Работа за компьютером. Клавиатура - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
Феълан филиалҳои ин бонк дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд низ фаъоланд
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ филиали Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" ифтитоҳ шуд.
Мақсади ин бонк дастгирии соҳибкории хурду миёна, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ гуфта мешавад.
Дар маросими ифтитоҳи ин бахш муовини якуми раиси "Саноатсодиротбонк" Азизшо Ғарибшозода, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, намояндагон аз Бонки миллӣ дар ВМКБ, соҳибкорзанон ва соҳибкорони фаъоли вилоят ва шаҳри Хоруғ ширкат карданд.
Ғарибшозода гуфтааст, самти афзалиятноки фаъолияти бонк ин дастгирии молии корхонаҳои саноативу истеҳсолии навтаъсис ва соҳибкорони инфиродие мебошад, ки ҳадафи истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротро доранд, менависад АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавад, бонк дорои 12 воҳиди корӣ буда, ҳама кормандон мутахассисони маҳаллиянд.
"Дар филиал тамоми хизматрасониҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст", - омадааст дар хабар.
Маврид ба ёдоварист, ки Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон ба Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" табдил дода шуд.
Ҳадафи аслии он дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ мебошад.
Дар айни замон филиалҳои КВД БССТ "Саноатсодиротбонк" дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0