Даъвати Ҷинпин аз Эмомалӣ Раҳмон барои боздид аз Чин

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон (справа) и председатель КНР Си Цзиньпин
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон (справа) и председатель КНР Си Цзиньпин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Обуна шудан
Роҳбари Чин аз раисҷумҳури Тоҷикистон даъват намудааст, ки моҳи феврали соли равон меҳмонаш шавад
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро барои иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона - 2022 даъват кардаанд, иттилоъ дод хабаргузории "Ховар". Феълан мақомоти тоҷик расман дар бораи сафари Раҳмон ба Чин хабаре нашр накардаанд.
Чунин даъватномаро аз Си Ҷинпин, роҳбари Чин дар баробари Эмомалӣ Раҳмон инчунин роҳбарони як қатор кишварҳои дигар низ гирифтаанд.
Маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона - 2022 рӯзи чоруми феврал дар варзишгоҳи Пекин дар назар аст. Феълан омодагиҳо дар Чин идома дошта, се маҳалли олимпиро аллакай 27 январ ифтитоҳ мекунанд.
Дар мавриди даъвати меҳмонон ба ин чорабинӣ Пекин изҳор дошт, ки даъватномаро унвонии мақомдорону чеҳраҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ равона намудааст.
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Ҳушдори Ятимов ба Чин: Таҳдидҳои террористӣ амнияти минтақаро зери суол мегузоранд
"Дар айни ҳол роҳбарони давлатҳои зиёд, раисони ҳукуматҳо ва аъзои оилаҳои шоҳӣ барои иштирок дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин сабти ном карданду мо онҳоро истиқбол мегирем", - гуфт намояндаи ВУХ-и Чин, Ван Вэнбин.
Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия, изҳор карда буд, ки интизор меравад, нахустин сафари хориҷии Владимир Путин дар соли 2022 ба Чин сурат гирад. Дар назар аст, ки президенти Русия дар маросими кушодашави Бозиҳои олимпии зимистона иштирок намояд.
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, ҳоккей ва ғайра дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0