Дубай қоидаҳои вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сахттар кард

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Дубай
Города мира. Дубай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
Дар бузургтарин шаҳри Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамакнун қоидаҳои сахттари вуруд барои шаҳрвандони чанд кишвар роҳандозӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Барои боздид аз бузургтарин шаҳри Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қоидаҳои вуруд барои сайёҳон тағир дода шудаанд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ва "Fly Dubai", барои аз баъзе кишварҳо ба ин ҷо ворид шудан нусхаи чопи натиҷаи манфии санҷиши PCR COVID-19 бо рамзи QR-код тақозо мешавад.
Муддати санҷиши тест, тибқи талаботи нав, аз 72 то 48 соат кам карда мешавад.
Самолет Airbus в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
ИМА қоидаҳои вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро боз сахттар кард: чӣ тағйир ёфт?
Илова бар санҷиши пеш аз сафар сайёҳон инчунин бояд ҳангоми ворид шудан ба Дубай аз санҷиши ройгон гузаранд ва то ба даст овардани натиҷаи манфии он аз гаштугузор худдорӣ кунанд.
Пеш аз ворид шудан ба Дубай шумо бояд ба телефонатон барномаи мобилии COVID19 - DXB "Smart App"-ро насб карда, маълумотро барои сафари ба нақша гирифташуда ворид созед.
Ин қоидаҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар, аз қабили Русия, Украина ва Ӯзбекистон низ дахл доранд.
Қоидаҳои шабеҳ барои ворид шудан ба Русия низ татбиқ мешаванд.
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Профессори тоҷик нишонаҳои "омикрон"-ро гуфт: аз шамолхӯрдагӣ фарқ кардан мушкил аст
Шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои ИА ба Федератсияи Русия меоянд, бояд натиҷаи санҷиш дар шакли QR-кодро дар замимаи "Ман бидуни COVID-19 сафар мекунам" дошта бошанд.
Чунин қоидаҳо барои шаҳрвандони Молдова ва Тоҷикистон низ татбиқ мешаванд.
Шумо метавонед барномаи "Ман бидуни COVID-19 сафар мекунам" -ро тавассути "App Store" ё "Google Play" дар телефони худ насб кунед ва ҳангоми сафар ба хориҷ аз он истифода намоед.
Лентаи хабарҳо
0