Профессори тоҷик нишонаҳои "омикрон"-ро гуфт: аз шамолхӯрдагӣ фарқ кардан мушкил аст

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Обуна шудан
Профессори тоҷик мгӯяд, навъи нави COVID-19-ро аз шамолхӯрдагӣ фарқ кардан мушкил аст
ДУШАНБЕ, 22 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон пас аз танафуси қариб семоҳа дигарбора аз ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус хабар доданд, аммо то кунун дақиқ нест, ки навъи нави он "омикрон" низ миёни беморон ҳаст ё на.
Дар пайи бозгашти коронаивирус ва номуаянӣ дар бораи навъи нави он Саидбек Сатторов, Профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар суҳба бо АМИТ "Ховар" дар бораи нишонаҳои (оризаҳои) асосии штамми "омикрон" гуфтааст.
"Дарди сару бадан, бемадорӣ, дарди гулӯ, сулфа ва атса, дарди шикам аз нишонаҳои асосии омикрон маҳсуб мешаванд ва он бештар ба зукоми маъмулӣ монандӣ дорад",-афзудааст табиби тоҷик.
Ба гуфтаи Сатторов, навъи "омикрон" шакли нави тағйирёфтаи COVID-19 буда, нишонаҳои он ба дигар навъҳои COVID-19 қариб ки монандӣ доранд.
"Баморӣ метавонад дар шакли обравӣ аз бинӣ, бемадорӣ, дарди сар, беиштиҳоӣ ва халалдоршавии хоб ба амал ояд, вале он нисбат ба дигар намудҳои COVID-19 сабуктар мегузарад", — мегӯяд профессори тоҷик.
Врач в ковид-зоне во Франции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Бозгашти коронавирус ба Тоҷикистон: cабти якбораи 23 ҳолати гирифторӣ
Мавсуф мегӯяд, навъи омикрон хеле зудпаҳншаванда буда, давраи беморӣ нисбатан сабук паси сар мешавад ва дар баъзе ҳолатҳо метавонанд нишонаҳои беморӣ дар 3-4 рӯз бартараф шаванд.
Ӯ мегӯяд, навъи нави COVID-19-ро аз шамолхӯрдагӣ фарқ кардан мушкил аст. Аз ин рӯ, дар сурати ҷой доштани нишонаҳои зикршуда бемор метавонад аз ташхиси COVID-19 гузарад.
Ёдовар мешавем, штамми нави COVID-19 бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана пайдо шуд. Он аз дигар навъҳо бо афзоиши шумораи мутатсияҳо ва паҳншавии босуръат фарқ мекунад.
Навъи нав аллакай дар 110 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои ИДМ ошкор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0