Чаро бо ман касе дӯстӣ намекунад?

© Sputnik / Алехандро Мартинез Велез / Гузариш ба медиабонкДевочка в маске гуляет по улице
Девочка в маске гуляет по улице  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
Гоҳе волидон ба оддитарин саволи кӯдаконашон посух намеёбанд
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Як зан ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи мушкилии кӯдакаш нақл кард. Дар бахши “Суҳбати равоншинос” омилҳои иҷтимоишавии кӯдаконро баррасӣ мекунем.

Оишамоҳ, сокини шаҳри Бохтар:

“Маро шикояти духтарчаам, ки “чаро бо ман касе дӯстӣ намекунад?” солҳост, ки ташвиш медиҳад. Фарзандам синфи чор мехонад ва ин шикоятро ман ҳанӯз аз замони боғча рафтанаш аз ӯ мешунавам. Ӯ дар мактаб як дугона дорад ва агар рӯзе дӯсташ ба мактаб наравад, духтарам дар синф “яккаву танҳо”-ст. Ин ҳолати фарзандам маро бисёр ғамгин мекунад. Ба назари ман, ӯ бо ҳамсолонаш зуд забон меёбад, аммо чаро ба ин нигоҳ накарда, наметавонад робитаи мустаҳкам барқарор кунад? Ман барои ҳалли ин мушкил чӣ кор карда метавонам?”.

Посухи коршинос Марям Давлатова:

Ман ҳамчун коршинос дар ин фарзанд норасоии ҷуръатро мебинам. Ин аз мушкилоти даруни хонавода низ ҳаст. Вазифаи аввалиндараҷаи падару модар шинохти кӯдакашон аст: боҷуръат аст ё беҷуръат; боғайрат аст ё беғайрат.
Агар кӯдак боҷуръат ва боғайрат бошад, муошират барояш осон аст. Агар не, бояд ба ӯ малакаи муошират карданро омӯхт.
Баҳодрузода ба аёдати наздикони дар муноқишаи марзӣ фавтида рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Баҳодурзода ба аёдати наздикони дар муноқишаи марзӣ фавтида рафт: ба кӯдакон тӯҳфа бурд
Рад кардани хоҳишу дархостҳои кӯдак ва тарсонидани вай, ки одатан дар фарҳанги тарбияи мо истифода мешавад, нодуруст аст.
Ё вақте ба хона кӯдаке меҳмон мешавад, ҳуқуқи кӯдаки соҳибхонаро гоҳе поймол мекунанд: бозичаи дӯстдоштаашро ба меҳмон медиҳанд, агар ҷанҷол карданд, тарафи меҳмонро мегиранд ва ғайра.
Ин ҳама боис мешаванд, ки мо кӯдакро худамон надониста беҷуръат калон мекунем. Ҷуръаташро мекушем, дақиқтараш. Ҳар як тифл бо истеъдодҳову бо ғайратҳову бо ҳунарҳои худаш таваллуд мешавад. Вазифаи мо дарёфтан ва рушд додани ин хусусияти кӯдак аст.
Хуб аст, ки ин модар ба ин масъала диққат кардааст. Гоҳо волидон аҳамияте ба ин мушкилиҳои равонии кӯдаконашон намедиҳанд.

Якум. назди равоншинос равед

Ин модар бояд ҳатман пеши равоншинос равад, то муайян кунад, ки дардҳову тарси фарзандаш дар куҷост ва аз куҷо сар шудааст. Равоншинос ба онҳо кӯмак мекунад.
Новорожденные дети - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Вазорат: Барои назорати сифати хидматрасонӣ ба модарону кӯдакон гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфт
Кӯдакро аз он бунбасте, ки дар мондааст, кашида мебарорад. Барои ин духтарак барномаи дигар - ҳақ ба худ доданро ёд медиҳанд. 11-солагӣ давраи муҳим ва фоъоли иҷтимоӣ шудани фард аст. Агар дар ҳамин ҷо ӯ ислоҳ нашавад, дертар ба як нафари дамдузд ва ба худаш андармон метавонад табдил ёбад.

Дувум, суҳбат кунед

Модар бо худи фарзандаш суҳбат кунад. Байни волидону фарзандон муҳимтарин чиз доштани робитаи эмотсионалӣ аст. Муҳим аст, ки фарзанд ҳарфи дилашро ба волидон гуфта тавонад. Танҳо дар ин ҳолат мо метавонем кӯмак кунем.

Севум, хоҳиши фарзандатонро эҳтиром намоед

Ба тамоми падару модарон ҳамчун равоншинос тавсия медиҳам, ки талаботи кӯдакатонро эҳтиром кунед. Дар урфияти мо маънои калимаи "эҳтиром" ҳамеша ҳурмати ба истилоҳ аз поён ба болоро дар бар мегирад: ба калонсол, ба мартабадор, ба пулдор, ба вазифадор ва ғайра. Аммо шояд ба гӯшаи хотирамон ҳам наояд, ки эҳтироми дархосту талаботи кӯдакон то як андозае ба рушди вай таъсир мерасонад.
Открытие нового детского сада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Боғчаи “Ахтарак” дар Рашт: Нахустин макони забономӯзӣ барои кӯдакон
Вақте кӯдак “модарҷон” гӯён наздатон бо хоҳише омад, ҳама коратонро як сӯ гузоред ва ҳамон 5 дақиқа вақтатонро барои вай, барои суҳбат бо ӯ ҷудо кунед.

Чорум, халои олами духтаратонро худатон пур кунед

Ин модар бояд пеш аз ҳама холигии олами фарзандашро худаш пукр кунад: якҷо филм тамошо кунанд, ӯ сайру гашт барад, бозиҳои умумӣ ташкил кунад. Дар натиҷа ҳисси танҳоии кӯдак дар кӯча дар хона пур мешавад ва ӯ боғайрат ба кӯча, (дарс, бозӣ, варзиш ва ғайра) мебарояд. Он гоҳ ҳатман як нафаре пайдо мешавад, ки бо вай муошират намояд. Зеро энергияи мо чӣ гунае ки бошад, мо ҳамон гуна одамонро ба худ ҷалб мекунем.
Лентаи хабарҳо
0