Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Ба навоҳӣ тақсим мешавад: вуруди беш аз 147 ҳазор воя ваксинаи "Pfizer" ба Тоҷикистон

© AFP 2023 / MORRY GASHПоставка вакцин Pfizer
Поставка вакцин Pfizer - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз воридшавии боз 147 ҳазору 420 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ба кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар чорчӯби фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 147 ҳазору 420 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид гардид.
Тавре манбаъ иттилоъ додааст, дар ҳоли ҳозир дар кишвар ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 миёни шаҳрвандони мамлакат идома дорад.
Гуфта мешавад, ки вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот, ба шаҳру навоҳии мамлакат интиқол дода мешаванд.
Дар кишвар бар зидди коронавирус аз ваксинаҳои “Sputnik V”, “AstraZeneca”, “CoronaVac”, “Moderna2 ва “Pfizer” истифода мешавад.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки то 1 феврали соли 2022 4 миллиону 594 ҳазору 703 нафар бар зидди коронавирус моякӯбӣ шуд, ки 79,7 фоизи аҳолии калонсоли ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Пандемия в Индии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Чанд фисади аҳолии Тоҷикистон аз COVID - 19 эмин шуд: омори нав
Вояи дуюми ваксинаро 3 миллиону 902 ҳазору 269 нафар ё 67,73 фоизи аҳолӣ гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон аллакай эмкунии такрорӣ алайҳи коронавирус оғоз шудааст.
Гирифтани вояи сеюми ваксина аз кормандони соҳаи тиб оғоз шуд.
Ёдовар мешавем, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии таҳкими чораҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аз 3 июли соли 20221 дар Тоҷикистон эмгузаронии зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола ҳатмӣ гардид.
Алоӣ тоҷикиcтониёнро аз омикрон ҳушдор дод: Карантин кунед ва кӯдаконро эҳтиёт намоед
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон дар чорчӯби механизми ҷаҳонии COVAX ва дар шакли кумаки башардӯстона беш аз 9 миллион ваксинаи зидди COVID-19 ворид шудааст.
Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистон аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0