https://sputnik.tj/20220203/amri-emomali-rahmon-barguzorii-du-ozmuni-digar-1045463905.html
Амри Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории ду озмуни дигар
Амри Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории ду озмуни дигар
Sputnik Тоҷикистон
Амри раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Илм-фурӯғи маърифат” ба имзо расид
2022-02-03T19:10+0500
2022-02-03T19:10+0500
2022-02-03T19:10+0500
дар тоҷикистон
раисҷумҳур
амри президент
озмун
имзо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044513703_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_71c0a8d8d18d29ebb6c87bb66d91c0f4.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон амр дар бораи баргузории ду озмуни дигар, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат”-ро имзо кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.Тибқи иттилои манбаъ, раисҷумҳур амр кардааст, ки низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ва инчунин низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” тасдиқ шавад.Раисҷумҳур барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ин озмунҳо вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистонро вазифадор кардааст.Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо барои баргузор намудани “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” хостааст, барои ҷалби бештари дӯстдорони санъату мусиқӣ чораҷӯӣ карда, ғолибони даврҳои якум, дуюм ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.Ҳамчунин раисҷумҳур аз мақомоти ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна барои баргузор намудани озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” хостааст, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва дигар қишрҳои ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, шароит фароҳам карда, ғолибонро бо додани ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддию маънавӣ ҳавасманд гардонанд.Раисҷумҳур барои баргузории озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” аз Фонди президент ду миллиону 345 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Дар ҳамин ҳол барои баргузории озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” аз ин фонд ду миллиону 540 ҳазор сомонӣ ихтисос ёфтааст.Назорати иҷрои амрҳои мазкур ба зиммаи муовини сарвазири Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) вогузор шудааст.
https://sputnik.tj/20220203/rahmon-ozmuni-furughi-subhi-donoi-kitob-fond-1045462974.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044513703_59:0:1874:1361_1920x0_80_0_0_9c7b0c06db4a61090afa6bc900bba0c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, амри раисҷумҳур, озмун, эмомалӣ раҳмон, президент
тоҷикистон, амри раисҷумҳур, озмун, эмомалӣ раҳмон, президент
Амри Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории ду озмуни дигар
Амри раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи озмунҳои “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат” ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон амр дар бораи баргузории ду озмуни дигар, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат”-ро имзо кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, раисҷумҳур амр кардааст, ки низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ва инчунин низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” тасдиқ шавад.
Раисҷумҳур барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ин озмунҳо вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистонро вазифадор кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо барои баргузор намудани “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” хостааст, барои ҷалби бештари дӯстдорони санъату мусиқӣ чораҷӯӣ карда, ғолибони даврҳои якум, дуюм ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
Ҳамчунин раисҷумҳур аз мақомоти ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна барои баргузор намудани озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” хостааст, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва дигар қишрҳои ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, шароит фароҳам карда, ғолибонро бо додани ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддию маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
Раисҷумҳур барои баргузории озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” аз Фонди президент ду миллиону 345 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Дар ҳамин ҳол барои баргузории озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” аз ин фонд ду миллиону 540 ҳазор сомонӣ ихтисос ёфтааст.
Назорати иҷрои амрҳои мазкур ба зиммаи муовини сарвазири Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) вогузор шудааст.