https://sputnik.tj/20220202/shikoyati-nazdikoni-madina-mahmadjonova-1045426976.html
Шикояти наздикони Мадина Маҳмадҷонова аз ҳукми Давлатова: шарҳи Шоҳиён
Шикояти наздикони Мадина Маҳмадҷонова аз ҳукми Давлатова: шарҳи Шоҳиён
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии наздикони марҳум Мадина Маҳмадҷоноваро баррасӣ мекунад
2022-02-02T19:20+0500
2022-02-02T19:20+0500
2022-02-02T19:20+0500
дар тоҷикистон
шермуҳаммади шоҳиён
суди олӣ
ҳукм
қарор
шикоят ба додгоҳ
мадина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040993063_0:17:1280:737_1920x0_80_0_0_c4012874388a31eb967e7a9f7d7e2fef.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Наздикони Мадина Маҳмадҷонова, ки аз ҷониби Азиза Давлатова мавриди азобу шиканҷа қарор гирифту баъди қариб 4 моҳи беҳушӣ, 15-уми декабри соли 2021 даргузашт, хостори бозбинии ҳукми гунаҳкори марги ӯ шудаанд. Шермуҳаммадид Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, феълан шикояти кассатсионии ҷониби ҷабрдида ворид гардида, дар баррасӣ қарор дорад. Маврид ба зикр аст, ки қаблан додгоҳ Азиза Давлатоваро барои даст доштанаш дар азоби Мадина Маҳмадҷонова, ки бо марг анҷомидаст, ба 11 соли зиндон маҳкум карда буд. Дар пайи татбиқи Қонуни афв як сол аз ин ҳукм кам гардида, интизор меравад, ки Давлатова 10 солро пушти панҷара мегузаронад. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ин фоҷеа бинобар он рух додааст, ки Лутфулло Давлатов, яке аз мақомдорони ширкати "Мегафон", дар баробари ҳамсари якумаш - Азиза Давлатова бо Мадина Маҳмадҷонова низ муносибатҳои маҳрамона доштааст. Дар ин замина миёни Мадина ва Азиза муноқиша рух медиҳад, ки бо марги Мадина анҷомидааст. Додгоҳ Лутфулло Давлатовро низ дар азобу шиканҷаи ҳамсари аввалаш ва расондан ба қасди худкушӣ гунаҳкор дониста, ба 8 соли зиндон маҳкум кардаст. Бо татбиқи Қонуни афв ҳукми зиндони Давлатов то 5 солу 4 моҳ кам карда шудааст. Ин қазия дар моҳҳои охири соли 2021 аз пурсарусадотарин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон буд, ки Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон барои таҳқиқи мунсифонаи он дастур дода буд.
https://sputnik.tj/20220109/madina-bughi-tafsilot-nav-prokuratura-1044660319.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040993063_308:103:1060:667_1920x0_80_0_0_009d6261dc2d366773a1feec7a04a829.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шикоят, наздикон, мадина маҳмадҷонова, ҳукм, додгоҳ
шикоят, наздикон, мадина маҳмадҷонова, ҳукм, додгоҳ
Шикояти наздикони Мадина Маҳмадҷонова аз ҳукми Давлатова: шарҳи Шоҳиён
Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии наздикони марҳум Мадина Маҳмадҷоноваро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Наздикони Мадина Маҳмадҷонова, ки аз ҷониби Азиза Давлатова мавриди азобу шиканҷа қарор гирифту баъди қариб 4 моҳи беҳушӣ, 15-уми декабри соли 2021 даргузашт, хостори бозбинии ҳукми гунаҳкори марги ӯ шудаанд.
Шермуҳаммадид Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, феълан шикояти кассатсионии ҷониби ҷабрдида ворид гардида, дар баррасӣ қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан додгоҳ Азиза Давлатоваро барои даст доштанаш дар азоби Мадина Маҳмадҷонова, ки бо марг анҷомидаст, ба 11 соли зиндон маҳкум карда буд. Дар пайи татбиқи Қонуни афв як сол аз ин ҳукм кам гардида, интизор меравад, ки Давлатова 10 солро пушти панҷара мегузаронад.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ин фоҷеа бинобар он рух додааст, ки Лутфулло Давлатов, яке аз мақомдорони ширкати "Мегафон", дар баробари ҳамсари якумаш - Азиза Давлатова бо Мадина Маҳмадҷонова низ муносибатҳои маҳрамона доштааст. Дар ин замина миёни Мадина ва Азиза муноқиша рух медиҳад, ки бо марги Мадина анҷомидааст.
Додгоҳ Лутфулло Давлатовро низ дар азобу шиканҷаи ҳамсари аввалаш ва расондан ба қасди худкушӣ гунаҳкор дониста, ба 8 соли зиндон маҳкум кардаст. Бо татбиқи Қонуни афв ҳукми зиндони Давлатов то 5 солу 4 моҳ кам карда шудааст.
Ин қазия дар моҳҳои охири соли 2021 аз пурсарусадотарин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон буд, ки Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон барои таҳқиқи мунсифонаи он дастур дода буд.