https://sputnik.tj/20220109/madina-bughi-tafsilot-nav-prokuratura-1044660319.html
Азиза Мадинаро бо гиребони куртааш бӯғӣ кард: тафсилоти нави прокуратура
Азиза Мадинаро бо гиребони куртааш бӯғӣ кард: тафсилоти нави прокуратура
Sputnik Тоҷикистон
Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафсилоти нави латукӯб ва марги Мадина Мамадҷоноваро расонаӣ кард
2022-01-09T12:09+0500
2022-01-09T12:09+0500
2022-01-10T16:44+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
прокуратураи генералии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/27/1028112761_0:5:1600:905_1920x0_80_0_0_3aafec65e98ef94b84afcc5d173190e8.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар қазияи латукӯб ва марги Мадина Мамадҷонова тафсилоти нав ифшо шуд. Прокуратураи генералии Тоҷкистон бо нашри як иттилоия ин қазияро аз аввал то охир тавзеҳ дод.Ба иттилои манбаъ, Азиза Давлатова, ҳамсари Лутфулло Давлатов авоили соли 2020 аз муносибати наздики ҳамсараш бо Мадина Мамадҷонова огоҳӣ пайдо намуд ва барои мустаҳкам нигаҳ доштани оилаи худ муддати зиёд истодагарӣ кард.Аммо вазъият пас аз он тағйир ёфт, ки мард бо дӯстдухтараш ақди никоҳ баст ва ният дошт, аз ҳамсари аввали худ ҷудо шавад.Ҳодисаи нохуш дар рӯзи иттифоқ афтод, ки Азиза барои қайди рӯзи бастани ақди никоҳашон хӯрок омода намуд ва дар интизори шавҳараш буд.Аммо чун ҳамсараш таклифи ӯро рад кард ва ба хона наомад, Азиза ба суроғаш рафт ва муайян намуд, ки ӯ дар хонаи Мадина қарор дорад.Ба тавзеҳи прокуратура, Азиза барои муайян кардани муносибати шавҳараш бо Мамадҷонова аз ахирӣ хоҳиш кардааст, ки ҷойи кори шавҳараш рафта, мушкили дар зиндагониашон ба миёномадаро ҳал намоянд. Аммо замоне ки онҳо ҳамроҳ ба ҷойи кори Давлятов расиданд ва ӯ ҳамсаронашро якҷоя дид, аз суҳбати муштарак саркашӣ кард.Сипас Давлатова бо Мамадҷонова то соати 16:00 дар ҳудуди шаҳри Душанбе сайру гашт карда, дар бораи мушкилиҳои зиндагонии ҳамдигар суҳбат кардаанд. Гуфта мешавад, Азиза бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани Мадина ӯро ба самти ноҳияи Варзоб бурд ва дар ҷойи беодам аз ҳиссиёти рашк нахуст ӯро шадидан латукӯб ва сипас бо гиребони куртаи дар тандоштаи Мамадҷонова гулӯяшро буғӣ карда, бештар аз панҷ дакиқа роҳи нафасашро банд кардааст.Баъди аз ҳуш рафтан ва беҳаракат гаштани Мамадҷонова ӯ ба ҳамсар ва дигар наздикони худ аз ҳодисаи рухдода хабар додааст.Маврид ба зикр аст, ки Азиза Давлатова барои содир кардани ин ҷиноят бо қарор суд ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳамзамон ҳамсараш низ бо қарори суд ба муҳлати 5 солу 4 моҳ зиндонӣ гашт.
https://sputnik.tj/20211214/eloni-hukm-parviz-davlatov-dodgoh-zindon-1044160980.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102811/27/1028112761_194:0:1406:909_1920x0_80_0_0_68b9a60c05c3d52bd73d79b3330b68a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тафсилот прокуратура мадина
тафсилот прокуратура мадина
Азиза Мадинаро бо гиребони куртааш бӯғӣ кард: тафсилоти нави прокуратура
12:09 09.01.2022 (Навсозишуда: 16:44 10.01.2022) Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафсилоти нави латукӯб ва марги Мадина Мамадҷоноваро расонаӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар қазияи латукӯб ва марги Мадина Мамадҷонова тафсилоти нав ифшо шуд. Прокуратураи генералии Тоҷкистон бо нашри як иттилоия ин қазияро аз аввал то охир тавзеҳ дод.
Ба иттилои манбаъ, Азиза Давлатова, ҳамсари Лутфулло Давлатов авоили соли 2020 аз муносибати наздики ҳамсараш бо Мадина Мамадҷонова огоҳӣ пайдо намуд ва барои мустаҳкам нигаҳ доштани оилаи худ муддати зиёд истодагарӣ кард.
Аммо вазъият пас аз он тағйир ёфт, ки мард бо дӯстдухтараш ақди никоҳ баст ва ният дошт, аз ҳамсари аввали худ ҷудо шавад.
"Аз ин ҳолат вазъи равонии ӯ бад шуда, дар ботинаш қасди аз ҳаёт маҳрум намудани Мамадҷонова пайдо шудааст", - омадааст дар хабари прокуратура.
Ҳодисаи нохуш дар рӯзи иттифоқ афтод, ки Азиза барои қайди рӯзи бастани ақди никоҳашон хӯрок омода намуд ва дар интизори шавҳараш буд.
Аммо чун ҳамсараш таклифи ӯро рад кард ва ба хона наомад, Азиза ба суроғаш рафт ва муайян намуд, ки ӯ дар хонаи Мадина қарор дорад.
Ба тавзеҳи прокуратура, Азиза барои муайян кардани муносибати шавҳараш бо Мамадҷонова аз ахирӣ хоҳиш кардааст, ки ҷойи кори шавҳараш рафта, мушкили дар зиндагониашон ба миёномадаро ҳал намоянд.
Аммо замоне ки онҳо ҳамроҳ ба ҷойи кори Давлятов расиданд ва ӯ ҳамсаронашро якҷоя дид, аз суҳбати муштарак саркашӣ кард.
Сипас Давлатова бо Мамадҷонова то соати 16:00 дар ҳудуди шаҳри Душанбе сайру гашт карда, дар бораи мушкилиҳои зиндагонии ҳамдигар суҳбат кардаанд.
Гуфта мешавад, Азиза бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани Мадина ӯро ба самти ноҳияи Варзоб бурд ва дар ҷойи беодам аз ҳиссиёти рашк нахуст ӯро шадидан латукӯб ва сипас бо гиребони куртаи дар тандоштаи Мамадҷонова гулӯяшро буғӣ карда, бештар аз панҷ дакиқа роҳи нафасашро банд кардааст.
Баъди аз ҳуш рафтан ва беҳаракат гаштани Мамадҷонова ӯ ба ҳамсар ва дигар наздикони худ аз ҳодисаи рухдода хабар додааст.
Маврид ба зикр аст, ки Азиза Давлатова барои содир кардани ин ҷиноят бо қарор суд ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳамзамон ҳамсараш низ бо қарори суд ба муҳлати 5 солу 4 моҳ зиндонӣ гашт.