https://sputnik.tj/20220202/sherali-kabir-tojikiston-rushdi-sanoat-idm-avval-1045420139.html
Шералӣ Кабир: Тоҷикистон аз лиҳози рушди саноатӣ миёни кишварҳои ИДМ дар ҷои аввал аст
Шералӣ Кабир: Тоҷикистон аз лиҳози рушди саноатӣ миёни кишварҳои ИДМ дар ҷои аввал аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноати Тоҷикистон гуфт, ки ҷумҳурӣ аз лиҳози рушди саноат миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷои аввал қарор дорад
2022-02-02T16:55+0500
2022-02-02T16:55+0500
2022-02-18T19:25+0500
дар тоҷикистон
саноат
вазир
идм
шералӣ кабир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/02/1043905792_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_06e19a98cd023c31902e73092a46c3cf.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон кард, ки ҷумҳурӣ дар соли гузашта дар соҳаи саноат ба мувафақиятҳои назаррасе расидааст.Ба гуфтаи вай, ҳачми маҳсулоти саноатӣ ба 38,8 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 дарсад зиёд будааст.Шералӣ Кабир дар такя ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ гуфт, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар як сол 22,9 дарсад афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳандаи баландтарин миёни кишварҳои ИДМ мебошад.Барои мислол, ин нишондод дар Русия 5 дарсад, дар Узбакистон 9,5 дарсад, дар Қирғизистон 0,2 дарсад, дар Қазоқистон 2,9 дарсад буд.Дар работи ба ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ саҳми бештарро саноати кӯҳӣ – 32 дарсад, истеҳсоли нерӯи барқ – 20 дарсад ва саноати хӯрокворӣ – 19 дарсад доштааст.Вай афзуд, дар соли 2021 Тоҷикистон 271 ҳазор тонна маъдани тозашуда, 1,2 миллион тонна семент, беш аз 100 ҳазор тонна пахта содир кардааст.Шералӣ Кабир иттилоъ дод, ки саноати истихроҷи маъдани Тоҷикистон фароварии худро нисбат ба соли гузашта 61 дарсад афзоиш додааст.Саҳми Корхонаи муштараки “Зарафшон” дар ҳаҷми умумии истеҳсолот 64 фоизро ташкил дод.Дигар корхонаҳои калонтарини соҳа “Покрӯд” (13%) ва ҶДММ ТВЕА “Душанбе саноати кӯҳӣ” (10%) буданд.Шералӣ Кабир ҳамчунин гуфт, корхонаҳои саноати сабук ва кирмакпарварӣ истеҳсоли маҳсулоти худро ба 4,1 миллиард сомонӣ расонданд, ки нисбат ба соли гузашта 32 дарсад зиёд мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/02/1043905792_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_5485fb203a3d91d3a497b06b22b870bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, идм, рушди саноат
тоҷикистон, саноат, идм, рушди саноат
Шералӣ Кабир: Тоҷикистон аз лиҳози рушди саноатӣ миёни кишварҳои ИДМ дар ҷои аввал аст
16:55 02.02.2022 (Навсозишуда: 19:25 18.02.2022) Вазири саноати Тоҷикистон гуфт, ки ҷумҳурӣ аз лиҳози рушди саноатӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷои аввал қарор дорад
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон кард, ки ҷумҳурӣ дар соли гузашта дар соҳаи саноат ба мувафақиятҳои назаррасе расидааст.
Ба гуфтаи вай, ҳачми маҳсулоти саноатӣ ба 38,8 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 дарсад зиёд будааст.
Шералӣ Кабир дар такя ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ гуфт, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар як сол 22,9 дарсад афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳандаи баландтарин миёни кишварҳои ИДМ мебошад.
Барои мислол, ин нишондод дар Русия 5 дарсад, дар Узбакистон 9,5 дарсад, дар Қирғизистон 0,2 дарсад, дар Қазоқистон 2,9 дарсад буд.
Дар работи ба ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ саҳми бештарро саноати кӯҳӣ – 32 дарсад, истеҳсоли нерӯи барқ – 20 дарсад ва саноати хӯрокворӣ – 19 дарсад доштааст.
Вай афзуд, дар соли 2021 Тоҷикистон 271 ҳазор тонна маъдани тозашуда, 1,2 миллион тонна семент, беш аз 100 ҳазор тонна пахта содир кардааст.
Шералӣ Кабир иттилоъ дод, ки саноати истихроҷи маъдани Тоҷикистон фароварии худро нисбат ба соли гузашта 61 дарсад афзоиш додааст.
“Корхонаҳои ин соҳа ба маблағи 12,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 4,7 миллиард сомонӣ зиёд аст”, - гуфт вазир.
Саҳми Корхонаи муштараки “Зарафшон” дар ҳаҷми умумии истеҳсолот 64 фоизро ташкил дод.
Дигар корхонаҳои калонтарини соҳа “Покрӯд” (13%) ва ҶДММ ТВЕА “Душанбе саноати кӯҳӣ” (10%) буданд.
Шералӣ Кабир ҳамчунин гуфт, корхонаҳои саноати сабук ва кирмакпарварӣ истеҳсоли маҳсулоти худро ба 4,1 миллиард сомонӣ расонданд, ки нисбат ба соли гузашта 32 дарсад зиёд мебошад.