https://sputnik.tj/20220202/rubl-tojikiston-dubora-bolo-1045406062.html
Қурби рубл дар Тоҷикистон дубора боло рафт
Қурби рубл дар Тоҷикистон дубора боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Пули русӣ пас аз коҳишёбии тӯлонӣ дар моҳи январ болоравии назаррасро оғоз карда ба нишондиҳандаҳои баланд наздик аст
2022-02-02T11:41+0500
2022-02-02T11:41+0500
2022-02-02T13:36+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
доллар
рубл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0c/1040172372_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_a8e969e3df7608cac4f6f0949a5a09e6.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Аз авоили моҳи феврал рубл дар Тоҷикистон ба афзоиши муътадил гузашт ва тибқи нишондодҳои Бонки миллии кишвар, тақрибан ҳамарӯза афзоиш меёбад. Ба ин тартиб, тибқи нишондоди БМТ, ҳазор рубл ба 147 сомонӣ баробар шуд, ки дар оғози ҳафта он ҳамагӣ 145 сомонӣ буд.Аз 28 январ пули русӣ тамоюли болоравиро нишон дод. Қобили зикр аст, ки қурби баландтарин дар миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта сабт шуда буд, ки як рубл ба 0,157 сомонӣ баробар буд. Аммо аллакай пеш аз соли нав ин асъор дар баробари сомонӣ ба сатҳи соли 2019 поин рафт. Дар мавриди арзи амрикоӣ бошад, қурби он муътадил буда, дар ҳудуди 11,30 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад. Евро дар Тоҷикистон дар ҳолати шинокунанда қарор дорад: тибқи иттилои БМТ, рӯзи 2-юми феврал як евро 12,73 арзиш дорад, ки нисбат ба як рӯзи қабл гаронтар аст. Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220120/asori-amriko-imsol-1044991887.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0c/1040172372_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_faca170d3e5f9014a9d68e6500c9ff2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
болоравӣ, қурби рубл, тоҷикистон
болоравӣ, қурби рубл, тоҷикистон
Қурби рубл дар Тоҷикистон дубора боло рафт
11:41 02.02.2022 (Навсозишуда: 13:36 02.02.2022) Пули русӣ пас аз коҳишёбии тӯлонӣ дар моҳи январ болоравии назаррасеро оғоз карда, ба нишондиҳандаҳои баланд наздик шудааст
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Аз авоили моҳи феврал рубл дар Тоҷикистон ба афзоиши муътадил гузашт ва тибқи нишондодҳои Бонки миллии кишвар, тақрибан ҳамарӯза афзоиш меёбад.
Ба ин тартиб, тибқи нишондоди БМТ, ҳазор рубл ба 147 сомонӣ баробар шуд, ки дар оғози ҳафта он ҳамагӣ 145 сомонӣ буд.
Аз 28 январ пули русӣ тамоюли болоравиро нишон дод. Қобили зикр аст, ки қурби баландтарин дар миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта сабт шуда буд, ки як рубл ба 0,157 сомонӣ баробар буд.
Аммо аллакай пеш аз соли нав ин асъор дар баробари сомонӣ ба сатҳи соли 2019 поин рафт.
Дар мавриди арзи амрикоӣ бошад, қурби он муътадил буда, дар ҳудуди 11,30 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Евро дар Тоҷикистон дар ҳолати шинокунанда қарор дорад: тибқи иттилои БМТ, рӯзи 2-юми феврал як евро 12,73 арзиш дорад, ки нисбат ба як рӯзи қабл гаронтар аст.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.5848 то 12.9800 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1452 то 0.1490 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.