https://sputnik.tj/20220202/rahimzoda-amniyatiho-khorugh-1045408845.html
Раҳимзода дар бораи амниятиҳо дар Хоруғ: Дидбонгоҳҳо набошанд, кӣ роҳи бедодгариро мегирад
Раҳимзода дар бораи амниятиҳо дар Хоруғ: Дидбонгоҳҳо набошанд, кӣ роҳи бедодгариро мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, мардуми Бадахшон худ ҳузури кормандони ОМОН -ро мехоҳанд
2022-02-02T12:32+0500
2022-02-02T12:32+0500
2022-02-02T13:57+0500
вкд
қазия
рамазон раҳимзода
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041395791_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_af7e575753eb5672af96ed9ebfd20995.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода қазияи Хоруғ ва гузоштани дидбонгоҳҳои иловагӣ дар роҳҳои ВМКБ-ро шарҳ дод.Раҳимзода дар шарҳи муроҷиати фаъолони ВМКБ, ки талаб кардаанд, дидбонгоҳи иловагӣ бардошта шаваду кормандони қудратӣ ба макони доимияшон раванд, гуфт, ин хоҳиши худи мардум нест.Ба қавли Раҳимзода, дидбонгоҳҳо ба хотири риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти мардум гузошта шудаанд ва кормандони қудратӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳо кор карда истодаанд.Ба гузориши вазир, соли 2021 аз мардуми Бадахшон 367 силоҳ мусодира шудааст. Ба қавли ӯ, ҳар рӯз 3-4 ронанда ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст мезанад.Ёдовар мешавем, тибқи гузориши мақомоти Тоҷикистон, рӯзи 25 ноябри соли 2021 барои боздошти Гулбиддин Зиёбеков, ки дар гаравгонгирӣ айбор мешуд, як гурӯҳ аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ рафт, аммо ӯ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, бо оташи ҷавобӣ маҷруҳ шуд. Наздикони Зиёбеков мегӯянд, дар баданаш беш аз 7 изи тир буд.Дар пайи кушта шудани Зиёбеков, баъди зуҳри 25 ноябр дар Хоруғ гирдиҳамоӣ бо талаби таҳқиқи марги ӯ ва муҷозоти гунаҳкорон оғоз гардид. Сокинони маҳаллӣ хабар доданд, ки дар рафти ҳамоишҳо боз ду сокини дигари мулкӣ кушта шуд.Вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан таҳқиқи қазия идома дорад ва баҳои ҳуқуқии иштирокдорони ин ҳаводисро гурӯҳи тафтишотии додситонӣ медиҳад.
https://sputnik.tj/20220202/sharh-havodisi-khorugh-vazir-habib-mahmadov-maqomot-1045408949.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041395791_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_f9c3f1e2a88246cc2d00d11d4f3a5f67.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дидбонгоҳҳо, иловагӣ, хоруғ
дидбонгоҳҳо, иловагӣ, хоруғ
Раҳимзода дар бораи амниятиҳо дар Хоруғ: Дидбонгоҳҳо набошанд, кӣ роҳи бедодгариро мегирад
12:32 02.02.2022 (Навсозишуда: 13:57 02.02.2022) Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, мардуми Бадахшон худ ҳузури кормандони ОМОН-ро мехоҳанд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода қазияи Хоруғ ва гузоштани дидбонгоҳҳои иловагӣ дар роҳҳои ВМКБ-ро шарҳ дод.
Раҳимзода дар шарҳи муроҷиати фаъолони ВМКБ, ки талаб кардаанд, дидбонгоҳи иловагӣ бардошта шаваду кормандони қудратӣ ба макони доимияшон раванд, гуфт, ин хоҳиши худи мардум нест.
"Баръакс мардуми Бадахшон хоҳиш карданд, кормандоне, ки дар дидбонгоҳҳо истодаанд, истанд, ман будам дар он ҷо", - гуфт вазир.
Ба қавли Раҳимзода, дидбонгоҳҳо ба хотири риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти мардум гузошта шудаанд ва кормандони қудратӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳо кор карда истодаанд.
Ба гузориши вазир, соли 2021 аз мардуми Бадахшон 367 силоҳ мусодира шудааст. Ба қавли ӯ, ҳар рӯз 3-4 ронанда ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст мезанад.
"Соли 2021 аз ҷониби кормандони дидбонгоҳҳо беш аз 1000 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор шуд. Агар дидбонгоҳҳо набошанд, кӣ роҳи бедодгариро мегирад?", - гуфт Раҳимзода.
Ёдовар мешавем, тибқи гузориши мақомоти Тоҷикистон, рӯзи 25 ноябри соли 2021 барои боздошти Гулбиддин Зиёбеков, ки дар гаравгонгирӣ айбор мешуд, як гурӯҳ аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ рафт, аммо ӯ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, бо оташи ҷавобӣ маҷруҳ шуд. Наздикони Зиёбеков мегӯянд, дар баданаш беш аз 7 изи тир буд.
Дар пайи кушта шудани Зиёбеков, баъди зуҳри 25 ноябр дар Хоруғ гирдиҳамоӣ бо талаби таҳқиқи марги ӯ ва муҷозоти гунаҳкорон оғоз гардид. Сокинони маҳаллӣ хабар доданд, ки дар рафти ҳамоишҳо боз ду сокини дигари мулкӣ кушта шуд.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан таҳқиқи қазия идома дорад ва баҳои ҳуқуқии иштирокдорони ин ҳаводисро гурӯҳи тафтишотии додситонӣ медиҳад.