https://sputnik.tj/20220202/nigaronii-shohiyon-afzoishi-jinoyatkori-navrason-1045429804.html
Нигаронии Шоҳиён аз афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни наврасон
Нигаронии Шоҳиён аз афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни наврасон
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Суди олии Тоҷикистон афзоиши ҷинояткорӣ миёни наврасон дар соли гузаштаро нигаронкунанда арзёбӣ кард
2022-02-02T20:05+0500
2022-02-02T20:05+0500
2022-02-02T20:05+0500
дар тоҷикистон
суди олӣ
ҷинояткор
наврасон
нигаронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040993102_0:10:1281:730_1920x0_80_0_0_29da11ec8b955e347772a38ef1f2b606.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе масъалаи ҷинояткорӣ миёни наврасонро дар соли 2021 нигаронкунанда хонд.Ба гуфтаи ӯ, соли 2021 нисбати 433 ноболиғ ҳукми айбдоркунӣ бароварда шудааст, ки дар соли 2020 ин шумор ҳамагӣ 382 мавридро ташкил медод.“Махсусан ба масъалаи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони хурдсол ва ноболиғон таваҷҷуҳи хеле ҷиддӣ зоҳир мекунам”, - гуфт ӯ.Шоҳиён зикр кард, ки бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар барои дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ таълиму тарбия намудани фарзандон судяҳо корҳои муайянеро амалӣ намуданд.Вай афзуд, ки аз 13 302 парвандаи нисбат ба вайронкунандагони Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба суд воридгардида дар маҷмуъ ба 5327 нафар огоҳӣ дода шуда, 6518 нафар низ ба маблағи умумии 1 116 275 сомонӣ ҷарима шудаанд.
https://sputnik.tj/20220202/shikoyati-nazdikoni-madina-mahmadjonova-1045426976.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040993102_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_79102062b45d6c69de050f2ebde1df0d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суди олӣ, шермуҳаммад шоҳиён, ҷинояткорӣ миёни наврасон
тоҷикистон, суди олӣ, шермуҳаммад шоҳиён, ҷинояткорӣ миёни наврасон
Нигаронии Шоҳиён аз афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни наврасон
Раиси Суди Олии Тоҷикистон афзоиши ҷинояткорӣ миёни наврасон дар соли гузаштаро нигаронкунанда арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе масъалаи ҷинояткорӣ миёни наврасонро дар соли 2021 нигаронкунанда хонд.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2021 нисбати 433 ноболиғ ҳукми айбдоркунӣ бароварда шудааст, ки дар соли 2020 ин шумор ҳамагӣ 382 мавридро ташкил медод.
“Махсусан ба масъалаи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони хурдсол ва ноболиғон таваҷҷуҳи хеле ҷиддӣ зоҳир мекунам”, - гуфт ӯ.
Шоҳиён зикр кард, ки бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар барои дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ таълиму тарбия намудани фарзандон судяҳо корҳои муайянеро амалӣ намуданд.
Вай афзуд, ки аз 13 302 парвандаи нисбат ба вайронкунандагони Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба суд воридгардида дар маҷмуъ ба 5327 нафар огоҳӣ дода шуда, 6518 нафар низ ба маблағи умумии 1 116 275 сомонӣ ҷарима шудаанд.