https://sputnik.tj/20220202/hukumati-bobojon-ghafurov-poyi-sunii-temurali-navruzov-barqaror-1045419217.html
Ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои Темуралӣ Наврӯзов пойи сунъӣ месозад
Ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои Темуралӣ Наврӯзов пойи сунъӣ месозад
Sputnik Тоҷикистон
Темуралӣ Наврӯзов, сокини ҷамоати Овчӣ – Қалъача баҳори соли гузашта дар пайи муноқишаи мусаллаҳои марзӣ бо Қирғизистон аз як пойяш маҳрум шуда буд. Ӯ, аз он замон бо асобағал роҳ мегардад
2022-02-02T17:15+0500
2022-02-02T17:15+0500
2022-02-02T17:15+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
ноҳияи бобоҷон ғафуров
марз
муноқишаи марзӣ
барқарор кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1b/1042522973_0:0:2731:1537_1920x0_80_0_0_9c351457b3138bb6fc49cbbe65b69c64.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Масъулони ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтанд, ки масъалаи насби пойи сунъӣ (протез) ба ин сокини ноҳия ниҳоӣ шудааст.Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар ин хусус гуфт, ба ҷойи пойи маъюбшудаи Темуралӣ Наврӯзов, сокини ҷамоати наздимарзии Овчӣ-Қалъача аз сӯйи табибон пойи сунъӣ насб мешавад.Ӯ афзуд, андозаи пой ва маблағ ба корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ” фиристода шудааст ва қарор аст, рӯзҳои наздик пойи сунъӣ сохта шавад.Сохтмони пойи сунъӣ (протез) имкон фароҳам меорад, то ин сокини ноҳия озод роҳ гашта тавонад.Темуралӣ Наврӯзов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки 29 апрели соли 2021 дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо Қирғизистон аз як пояш маҳрум шуд.Ин сокини ҷамоати наздимарзии Овчӣ-Қалъача, ки ҳоло бо асобағал роҳ мегардад, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи он рӯзи сиёҳ дар апрели соли гузаштаро нақл намуда буд.Захми тир муҷиби хунравии зиёд дар пойяш гардид ва ин ҳолат табибонро дар буридани пойи ӯ ночор гузошт, вагарна аз хунравии зиёд ҳоли вай бадтар мешуд.Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти мавсум ба "Головной" шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози ин даргирӣ муттаҳам мекунанд. Бар асари ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ, гуфта мешавад, аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафар қурбон шуданд.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзии он рӯз 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар 1 май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад.Таниш дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонБегоҳии рӯзи 27 январ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон таниши нав рух дод. Ин муноқиша аз сангзании қирғизҳо шуруъ шуда, ба тирпаронии сарҳадбонони ду ҷониб боис гардид.Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман теъдоди захмиёну фавтидагон дар пайи муноқишаи марзиро нашр кард.Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 низомӣ ва 4 сокинони мулкӣ гуфта мешавад.Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳам гуфт, дар даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон 11 низомии қирғиз захмӣ шудааст.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додаи муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.Рӯзи 29 январ раисони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон сари мизи музокира нишаста, дар бораи бо роҳи ҳуқуқӣ ва дар доираи манофеи ду кишвар ҳал гардидани баҳсҳои марзӣ суҳбат намуданд.
https://sputnik.tj/20220128/tojikiston-qirghiziston-munoqisha-marz-1045282326.html
https://sputnik.tj/20220201/marg-ronanda-gululaboroni-favt-1045367917.html
https://sputnik.tj/20220131/miyonravii-maskav-tijorat-hamsoyaho-roh-qaziyai-marz-1045366749.html
қирғизистон
ноҳияи бобоҷон ғафуров
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1b/1042522973_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a871efa81bd53f05b78ca7354425496f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, темурали нарӯзов, пой, сунъӣ, барқарор
тоҷикистон, суғд, темурали нарӯзов, пой, сунъӣ, барқарор
Ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои Темуралӣ Наврӯзов пойи сунъӣ месозад
Эксклюзив
Як сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъача баҳори соли гузашта дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо Қирғизистон аз як пойяш маҳрум шуда буд. Ӯ аз он замон бо асобағал роҳ мегардад
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Масъулони ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтанд, ки масъалаи насби пойи сунъӣ (протез) ба ин сокини ноҳия ниҳоӣ шудааст.
Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар ин хусус гуфт, ба ҷойи пойи маъюбшудаи Темуралӣ Наврӯзов, сокини ҷамоати наздимарзии Овчӣ-Қалъача аз сӯйи табибон пойи сунъӣ насб мешавад.
Ӯ афзуд, андозаи пой ва маблағ ба корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ” фиристода шудааст ва қарор аст, рӯзҳои наздик пойи сунъӣ сохта шавад.
“Бояд як марҳила сипарӣ шавад, то гузоштани протез (пой) мувофиқат намояд. Аз ин лиҳоз Наврӯзов ин марҳиларо хуб паси сар намуд, қарор аст рӯзҳои наздик пойи (протез) ӯ, барқарор карда шавад”, - гуфт Давлатзода.
Сохтмони пойи сунъӣ (протез) имкон фароҳам меорад, то ин сокини ноҳия озод роҳ гашта тавонад.
Темуралӣ Наврӯзов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки 29 апрели соли 2021 дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо Қирғизистон аз як пояш маҳрум шуд.
Ин сокини ҷамоати наздимарзии Овчӣ-Қалъача, ки ҳоло бо асобағал роҳ мегардад, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи он рӯзи сиёҳ дар апрели соли гузаштаро нақл намуда буд.
“Соати 17:30 дақиқа буд, ки садое баланд шуд. Мо аз ин ҳайрон шудему ман ба кӯча нигоҳ кардам. Ҳамроҳи ҳамсояҳо назди дарвоза будем, ки тири дигар пойи маро захмӣ кард”, - иброз намуд, Темуралӣ.
Захми тир муҷиби хунравии зиёд дар пойяш гардид ва ин ҳолат табибонро дар буридани пойи ӯ ночор гузошт, вагарна аз хунравии зиёд ҳоли вай бадтар мешуд.
“Худоро шукр, ки зинда мондам ва ҳоло ҳамроҳи фарзандонам ҳастам. Шунидам, ки чанд нафар қурбонии баҳсҳои марзӣ шудаанд. Умедворем, ки дигар баҳсу муноқишаи марзӣ рух намедиҳад ва сокинони наздимарзӣ осоишта зиндагӣ мекунанд”, - зикр кард ӯ.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти мавсум ба "Головной" шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози ин даргирӣ муттаҳам мекунанд. Бар асари ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ, гуфта мешавад, аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафар қурбон шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзии он рӯз 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар 1 май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад.
Таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Бегоҳии рӯзи 27 январ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон таниши нав рух дод. Ин муноқиша аз сангзании қирғизҳо шуруъ шуда, ба тирпаронии сарҳадбонони ду ҷониб боис гардид.
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман теъдоди захмиёну фавтидагон дар пайи муноқишаи марзиро нашр кард.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 низомӣ ва 4 сокинони мулкӣ гуфта мешавад.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳам гуфт, дар даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон 11 низомии қирғиз захмӣ шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.
Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додаи муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.
Рӯзи 29 январ раисони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон сари мизи музокира нишаста, дар бораи бо роҳи ҳуқуқӣ ва дар доираи манофеи ду кишвар ҳал гардидани баҳсҳои марзӣ суҳбат намуданд.