https://sputnik.tj/20220201/vazir-tojikiston-qimat-nurihoi-mineraliro-sharh-1045369299.html
Вазир ҷаҳиши якбораи қимати нуриҳои кимиёвӣ дар Тоҷикистонро шарҳ дод: умед ба "Азот"
Вазир ҷаҳиши якбораи қимати нуриҳои кимиёвӣ дар Тоҷикистонро шарҳ дод: умед ба "Азот"
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тавони истеҳсоли нерӯҳои кимиёвии мавриди ниёзи аҳолиро надорад
2022-02-01T10:00+0500
2022-02-01T10:00+0500
2022-02-18T18:53+0500
дар тоҷикистон
воридот
вазорати кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101443/78/1014437873_0:639:1369:1409_1920x0_80_0_0_5d5d58173868f69bceefb66459964456.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Саъдӣ Каримзода, вазири ҷадиди кишоварзии Тоҷикистон дар ба хабарнигорон афзоиши бемайлони қимати нуриҳои кимиёвӣ дар кишварро шарҳ дод.Номбурда гуфт, Тоҷикистон барои таъмини хоҷагиҳои деҳқонии кишвар ба беш аз ним миллион тонна ба чунин маҳсулот ниёз доранд. Ба гуфтаи Каримзода, якбора боло рафтани нархи нуриҳои кимиёвӣ ба пандемияи коронавирус марбут аст, чун бо ҳамин далел бисёре аз корхонаҳои истеҳсолӣ дар хориҷ аз кишвар истеҳсолотро қатъ карданд.Тибқи омори Вазорати кишоварзӣ таъминкунандаи асосии бозори Тоҷикистон дар ин самт Ӯзбекистон, Туркманистон, Русия ва Қазоқистон инбошанд, ки соли 2021 аз ин кишварҳо ба ҷумҳурӣ 200 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ба маблағи 42 миллион доллар ворид карда шудааст. Тибқи нақшаи пешбиникарда кишвар аз хориҷ дар соли 2021 ду миллион бештар ва ё 30 ҳазор тонна зиёд ворид крдааст.Ахиран кишоварзон дар шимоли кишвар аз афзоиши нархи ҳама намуди нуриҳои кимиёвӣ дар нуқтаҳои фурӯш дар Суғд беш изҳори нигаронӣ карда буданд.Ба гуфтаи деҳқоқонон нахи ҳама намуди нуриҳо 55% боло рафта, як халтаи 50-килоии он аз марзи 400 сомонӣ гузаштааст.Ин дар ҳолест, ки ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тайи қариб 10 сол аст, ки ягон маҳсулот истеҳсол намекунад ва тибқи иттилои ахири мақомот дар ҳоли таҷдид аст.Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ахиран гуфт, бузургтарин корхонаи истеҳслои нуриҳои кимиёвии Тоҷикистон "Азот" дар назар аст, ки соли ҷорӣ ба кор дарояд.
https://sputnik.tj/20220121/sughd-arzish-nuriho-baland-1045040698.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101443/78/1014437873_0:511:1369:1538_1920x0_80_0_0_98131ce473de0c50adbb91ae2eb8f1ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир қимат нуриҳо кимиёвӣ тоҷикистонро шарҳ
вазир қимат нуриҳо кимиёвӣ тоҷикистонро шарҳ
Вазир ҷаҳиши якбораи қимати нуриҳои кимиёвӣ дар Тоҷикистонро шарҳ дод: умед ба "Азот"
10:00 01.02.2022 (Навсозишуда: 18:53 18.02.2022) Тоҷикистон тавони истеҳсоли нерӯҳои кимиёвии мавриди ниёзи аҳолиро надорад
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Саъдӣ Каримзода, вазири ҷадиди кишоварзии Тоҷикистон дар ба хабарнигорон афзоиши бемайлони қимати нуриҳои кимиёвӣ дар кишварро шарҳ дод.
Номбурда гуфт, Тоҷикистон барои таъмини хоҷагиҳои деҳқонии кишвар ба беш аз ним миллион тонна ба чунин маҳсулот ниёз доранд.
"Мутаассифона, мо барои истехсоли ин қадар нуриҳо имкон надорем. Аммо корхонаи "Тоҷиказот" дар вилояти Хатлон тадриҷан барқарор мешавад ва умед аст, ки мушкил рафъ шавад", - гуфт Каримзода.
Ба гуфтаи Каримзода, якбора боло рафтани нархи нуриҳои кимиёвӣ ба пандемияи коронавирус марбут аст, чун бо ҳамин далел бисёре аз корхонаҳои истеҳсолӣ дар хориҷ аз кишвар истеҳсолотро қатъ карданд.
Тибқи омори Вазорати кишоварзӣ таъминкунандаи асосии бозори Тоҷикистон дар ин самт Ӯзбекистон, Туркманистон, Русия ва Қазоқистон инбошанд, ки соли 2021 аз ин кишварҳо ба ҷумҳурӣ 200 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ба маблағи 42 миллион доллар ворид карда шудааст.
Тибқи нақшаи пешбиникарда кишвар аз хориҷ дар соли 2021 ду миллион бештар ва ё 30 ҳазор тонна зиёд ворид крдааст.
Ахиран кишоварзон дар шимоли кишвар аз афзоиши нархи ҳама намуди нуриҳои кимиёвӣ дар нуқтаҳои фурӯш дар Суғд беш изҳори нигаронӣ карда буданд.
Ба гуфтаи деҳқоқонон нахи ҳама намуди нуриҳо 55% боло рафта, як халтаи 50-килоии он аз марзи 400 сомонӣ гузаштааст.
Ин дар ҳолест, ки ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тайи қариб 10 сол аст, ки ягон маҳсулот истеҳсол намекунад ва тибқи иттилои ахири мақомот дар ҳоли таҷдид аст.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ахиран гуфт, бузургтарин корхонаи истеҳслои нуриҳои кимиёвии Тоҷикистон "Азот" дар назар аст, ки соли ҷорӣ ба кор дарояд.