https://sputnik.tj/20220201/tojikiston-ahishi-qimat-ordro-1045388125.html
Дар Тоҷикистон сабаби ҷаҳиши якбораи қимати ордро гуфтанд
Дар Тоҷикистон сабаби ҷаҳиши якбораи қимати ордро гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, сабаби болоравии босуръати нархи орд, ки аз тирамоҳи соли 2021 дар кишвар мушоҳида мешавад, дар чист?
2022-02-01T16:20+0500
2022-02-01T16:20+0500
2022-02-18T19:11+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
хадамоти зиддиинҳисорӣ
орд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102983/87/1029838766_0:0:1921:1080_1920x0_80_0_0_33f24098c6fc2a9f8e3837de7560972c.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Қимати қимати орд дар Тоҷикистон ба болоравии қимати гандуми воридотӣ марбут аст. Дар ин бора ба хабарнигорон сардори Раёсати ҳифз ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории кишвар Саидалӣ Зарифзода гуфт. Ба гуфтаи ӯ, аз моҳи сентябри соли 2021 нархи орд дар ҷумҳурӣ боло рафтааст. Дар як соли ахир Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна гандум ворид кардааст. Қазоқистон таъминкунандаи асосии ин маҳсулот гардид. Зарифзода таъкид кард, ки давлат ҳар тонна гандумро ба ҳисоби миёна 259 доллар харидааст ва дар маҷмӯъ ҷумҳурӣ барои хариди ғалла беш аз 265 миллион доллар харҷ кардааст. Соли 2021 Тоҷикистон воридоти ордро афзоиш дод. Сатҳи он нисбат ба соли 2020 1,4 фоиз афзуд, гуфт роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ. Дар соли 2021 истеҳсоли орд дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, он ба 285 ҳазор тонна расид. Ин назар ба соли 2020 қариб 7 ҳазор тонна зиёд аст. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридот дар соли 2020 беш аз 55 ҳазор тоннаро бо нархи 284 доллар барои як тонна ташкил медод. Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2021 Қазоқистон барои таъмини амнияти ғизоӣ ба Тоҷикистон 5 ҳазор тонна орд фиристода буд. Ба гуфтаи сарвари давлат Қосим-Ҷомарт Тоқаев, чунин кумак дар шароити пандемияи коронавирус зарур аст. Қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ваъда дода буд, ки болоравии қимати маводи ғизоӣ дар кишварро зери назорат мегирад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102983/87/1029838766_226:0:1681:1091_1920x0_80_0_0_372ea46f6509780a7d238d9f41c72e6f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ҷаҳиш қимат орд
тоҷикистон ҷаҳиш қимат орд
Дар Тоҷикистон сабаби ҷаҳиши якбораи қимати ордро гуфтанд
16:20 01.02.2022 (Навсозишуда: 19:11 18.02.2022) Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, сабаби болоравии босуръати нархи орд, ки аз тирамоҳи соли 2021 дар кишвар мушоҳида мешавад, дар чист?
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Қимати қимати орд дар Тоҷикистон ба болоравии қимати гандуми воридотӣ марбут аст. Дар ин бора ба хабарнигорон сардори Раёсати ҳифз ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории кишвар Саидалӣ Зарифзода гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, аз моҳи сентябри соли 2021 нархи орд дар ҷумҳурӣ боло рафтааст.
Дар як соли ахир Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна гандум ворид кардааст. Қазоқистон таъминкунандаи асосии ин маҳсулот гардид.
Зарифзода таъкид кард, ки давлат ҳар тонна гандумро ба ҳисоби миёна 259 доллар харидааст ва дар маҷмӯъ ҷумҳурӣ барои хариди ғалла беш аз 265 миллион доллар харҷ кардааст.
Соли 2021 Тоҷикистон воридоти ордро афзоиш дод. Сатҳи он нисбат ба соли 2020 1,4 фоиз афзуд, гуфт роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ.
"Қимати 1 тонна гандум аз Қазоқистон аз 240-250 доллари соли 2020 ба 285 доллар афзоиш ёфтааст", - шарҳ дод Зарифзода.
Дар соли 2021 истеҳсоли орд дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, он ба 285 ҳазор тонна расид. Ин назар ба соли 2020 қариб 7 ҳазор тонна зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридот дар соли 2020 беш аз 55 ҳазор тоннаро бо нархи 284 доллар барои як тонна ташкил медод.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2021 Қазоқистон барои таъмини амнияти ғизоӣ ба Тоҷикистон 5 ҳазор тонна орд фиристода буд.
Ба гуфтаи сарвари давлат Қосим-Ҷомарт Тоқаев, чунин кумак дар шароити пандемияи коронавирус зарур аст. Қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ваъда дода буд, ки болоравии қимати маводи ғизоӣ дар кишварро зери назорат мегирад.