Рустами Эмомалӣ барандаи ҷоизаи Бунёди гӯсфандони ваҳшӣ шуд

CC BY-SA 2.0 / sunriseOdyssey / Архары на дороге. Архивное фото
Архары на дороге. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
Ҷоизаи Бунёди гӯсфандони ваҳшӣ ё худ Wild Sheep Foundation барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи муҳити зист тақдим мегардад
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанб, нахустин нафар аз Тоҷикистон мебошад, ки ҷоизаи "Wild Sheep Foundation"-ро гирифтааст.
Дар ин бора аз қавли Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати Тоҷикистон хабаргузории "Ховар" иттилоъ додаст.
Шерализода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор доштааст, ки бунёди "Wild Sheep Foundation" соли 2022 барои дастовардҳо дар ҳифзи гӯсфанди кӯҳии ёбоӣ мукофот таъсис дод.

"Лауреати аввалини ин мукофот, ки дар анҷумане дар шаҳри Ринои иёлоти Невадаи Амрико эълон гардид, раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ дониста шуд", - гуфт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

Таъкид шудааст, ки ҷоиза барои ҳифзи гӯсфанди Марко Поло, ки асосан дар қисматҳои Помири Тоҷикистон мавҷуданд, эъто шудааст.
Шерализода тавзеҳ дод, ки ин мукофот фаъолияти шахс ё ташкилотеро қадрдонӣ менамояд, ки дар ҳифзи гӯсфанди кӯҳии ёбоӣ саҳми муносиб гузошта бошад.
"Барои соҳиби ин мукофот шудан зарур аст, ки гирандаи он шаҳрванди яке аз кишварҳои макони зисти гӯсфанди кӯҳии ёбоӣ буда, барои нигоҳдории ин намуди ҳайвони нодир саҳми шоён гузошта бошад", - илова намуд ӯ.
Ба иттилои расмӣ, феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 25 ҳазор сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло ва 4 ҳазор сар бузи пармашох ё худ Морхӯр вуҷуд дорад. Шикори ин намуди ҳайвонот хеле маҳдуд, ба ивази даҳҳо ҳазор сомонӣ иҷозат дода мешавад. Шикори ғайриқонунии ин ҳайвоноти нодир садҳо ҳазор сомонӣ ҷарима дорад.
Яке аз иқдомҳои Рустами Эмомалӣ ин мебошад, ки таҳти роҳбарии ӯ дар иҷрои Конвенсияи СИТЕС савдои устувори намудҳои ваҳшии ҳайвонот бо Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Канада ба танзим дароварда шуд. Ворид шудан ба конвенсияи мазкур сабаби коҳиш ёфтани гардиши беназорат ва ғайриқонунии намудҳои нодири наботот, ҳайвоноти ёбоӣ ва ваҳшие мегардад, ки таҳти таҳдиди нестшавӣ қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0