Кам шуд: омори охири гирифторӣ ва шифо аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПрохожие на улице в Душанбе
Прохожие на улице в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
Вазъи бемории COVID-19 дар кишвар нисбат ба ҳафтаи гузашта дар ҳоли беҳ шудан аст
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Тайи шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 10 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус қайд шудааст. Дар ин бора омори нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.
Дар ҳамин ҳол дар як рӯзи охир дар кишвар фавт бар асари сироят ба ин вирус ва инчунин онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, ба қайд гирифта нашудааст.
Умуман аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17318 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба сабт шудааст.
Аз ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17096 нафар сокини ҷумҳурӣ шифо ёфтааст.
Девушка болеет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Коронавирус бештар киро азоб медиҳад: Шарҳи мутахассис
Аз 20 ноябри соли 2021 дар Тоҷикистон ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта нашуда буд, аммо бозгашти беморӣ 21 январи соли ҷорӣ боз сабт шуд.
Қобили зикр аст, ки теъдоди гирифторони COVID-19 дар кишвар нисбат ба ҳафтаи гузашта коҳиш ёфтааст.
Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикронии COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.
Ёдовар мешавем, пас аз наздик ба се моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Ин ниҳод ахиран дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон иттилои дақиқе дар даст надоранд.
Работа временного госпиталя для больных коронавирусом в Ленэкспо  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Вазорат гуфт, коронавирус ба Тоҷикистон аз куҷо омад. Оё омикрон буд?
Манбаи мазкур гуфт, ин беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ моякӯбӣ мебошад.
Тибқи тавсияҳои Ситоди фаврии мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.
Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирии паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
Суръати эмгузаронии аҳолӣ низ тасреъ шудааст. Ҳамзамон табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0