Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Марговар: то чанд рӯз омикрон дар бадани инсон боқӣ мемонаду дигаронро сироят мекунад

© PixabayИллюстрация Коронавируса
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
Пизишк гуфт, то кай бояд ба шахси бемор наздик нашуд, то гирифтори коронавирус нагашт
ДУШАНБЕ,1 фев — Sputnik. Санҷиши ПСР метавонад ҳатто дар сурати будани ҳамаи нишонаҳои омикрон натиҷаи манфӣ нишон диҳад. Дар ин бора дар суҳбат бо радиои Sputnik духтури бемориҳои сироятӣ Евгений Тимаков изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, афроди дорои аломатҳои COVID-19 барои дигарон хатарноканд, зеро онҳо метавонанд дигаронро мубталои ин беморӣ кунанд.
Санҷиши манфии ПСР на танҳо ба мавҷуд набудани коронавирус дар бадан вобаста аст, мегӯяд мутахассис. Ин натиҷаро ҳангоми мавҷуд набудани маводи кофӣ барои тадқиқот ё вақте ки COVID-19 аллакай ба ҳаракат даромадааст, ба даст овардан мумкин аст.
"Штамми омикрон метавонад хеле зуд биниро тарк кунад ва тавассути санҷишҳо ошкор карда нашавад", - гуфт Тимаков.
Ҳангоми мавҷудияти нишонаҳои сироят, духтур тавсия дод, ки тамос бо одамони дигар сарфи назар аз натиҷаи манфии санҷиши ПСР маҳдуд карда шавад.
То чӣ андоза дурӣ ҷустан аз шахси бемор аз шиддати беморӣ ва хусусиятҳои вариантҳои коронавирус вобаста аст.
"Бо штаммҳои қаблӣ аз даҳ рӯз то се ҳафта, вобаста ба вазнинии вазъ бемор сирояткунанда буд. Ва дар кӯдакон ин вирус аз рӯдаҳо дар шакли фаъол беш аз як моҳ ҷудо карда мешуд", - гуфт Тимаков.
Коронавирус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олимонро пайомади омикрон нигарон кардааст
Ба гуфтаи ӯ, натиҷаҳои таҳқиқоти шабеҳ дар мавриди омикрон ҳанӯз омӯхта нашудааст.
Сирояти фаъолтарин бо ин варианти COVID-19 дар давраи инкубатсия рух медиҳад, ки махсусан дар ду рӯзи аввали он шадид аст.
Нишонаҳои хатарноки штамми омикрон дар кӯдакон номбар шуданд
Пас аз як ҳафта маълум мешавад, ки шахс воқеан гирифтори коронавирус шудааст ё на, гуфт мутахассис.
Барои ба таври сабук паси сар кардани беморӣ ё умуман сироят нашудан Тимаков дар суҳбат бо радиои Sputnik тавсия дод, ки бояд зидди COVID-19 моякубӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0